МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳамдиёрон ўро дар оғўши навозиш ва ғамхорӣ пазируфтанд.
Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 941 Рўдакӣ аз олам гузашт. Турбати ўро дар деҳаи Панҷрўд дафн намуданд, ки имрўз он зиёратгоҳи сайёҳону ҳаводорони адабиёт гаштааст.
Шоире дар мотами ин шахси бузургвору барўманд марсияе эҷод кардааст:
Рўдакӣ рафту монд ҳикмати ўй,
Май бирезад, нарезад аз май бўй.
Шоират ку кунун, ки шоир рафт,
Набувад низ ҷовидона чун ўй.
Хун гашт оби чашмам аз ғами вай.
З-андўҳаш мум гашт оҳану рўй…
Дар охир муаллим баёни мавзўъро ҷамъбаст намуда, аз таблитса хонандагонро бо номи асарҳои шоир шинос мекунад ва таъкид менамояд, ки устод Рўдакӣ ҳамеша мояи ифтихори мардуми тоҷик ва форсизабонони олам буд ва мебошад. Дар Тоҷикистон ҷоизаи ба номи Рўдакӣ таъсис дода шудааст, чандин муассисаи илмию фарҳангӣ, таълимӣ, ноҳияҳо, хиёбону кўчаҳо номи устод Рўдакиро доранд. Аз он ҷумла, Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кўлоб, Осорхонаи шаҳри Панҷакент, аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе, хиёбони калонтарини пойтахт номи ин аломаро доранд. Ҳукумати Тоҷикистон 22 сентябрро Рўзи Рўдакӣ эълон кардааст.
5.Мустаҳкамкунии дарс: Гузаронидани ин лаҳзаи дарс аҳамияти дидактикӣ дорад. Вай хонандаро водор месозад, ки ҳамеша нақл ва лексияи муаллимро бодиққат гўш кунад, онро бошуурона дарк намояд. Муаллим метавонад, ба воситаи саволҳои зайл дарсро мустаҳкам кунад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё