МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Бисёр одамони равшанфикр бо туҳмати қарматӣ будан ба ҷазоҳо гирифтор карда мешуданд.
Омўзгор бояд дар бораи ҷараёни қарматӣ ва пешвои он маълумоти мухтасар диҳад, то ки ба хонанда торик намонад.
Қарматиҳо кӣ буданд? Қарматиҳо гурўҳи пурқуввати сиёсие буданд, ки дар асри ІХ пайдо шуда, деҳқонон, бодиянишинҳо ва аҳли ҳунар, хусусан, онҳоеро, ки аз мазҳаби расмии ислом ва сиёсати нажодпарастонаи халифаҳои аббосӣ, ки худро ҳокими ҳамаи мусулмонҳо мешумориданд, норозӣ буданд, муттаҳид мекарданд. Дар замони Сомониҳо он ҳамчун ҳаракати халқӣ моҳияти зиддифеодалӣ дошта, бо баъзе хусусиятҳои озодихоҳӣ ва демократиаш эътибори калон пайдо карда буд. Таъсиру нуфузи он ба дараҷае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари соҳибэътибор ба он майл мекарданд.
Дар соли 938 қувваҳои иртиҷойӣ ва зиддидавлатӣ бо ёрии аристрократияи ҳарбӣ бар ҷони подшоҳ насри II, ки бештар ба қувваҳои пешқадами замона такя мекард, сўйиқасд ташкил намуданд. Наср бо ёрии писараш Нўҳ дар шаби базм, ки барои амалӣ кардани сўйиқасд ташкил шуда буд, хиёнати хоинонро фош карда, сари сардори онҳоро ба зери пойи ҳозирон андохт, вале дар айни замон аз тахт даст кашида, писарашро ба ҷойи худ таъйин кард. Баъди ба сари тахт баромадани Нўҳ, ки ба қувваҳои иртиҷоӣ ва опозитсияи зидди давлат такя мекард, қасосгирӣ аз тарфдорони бидъати қарматия, ки ба он одамони пешқадам, аз он ҷумла Рўдакӣ ҳам майл ва пайравӣ дошт, сар шуд. сардори ҳаракати қарматия Муҳаммад ибни Аҳмади Нахшабӣ ба дор кашида шуд, молу мулки Балъамӣ, ки ҳомӣ ва дўсти наздики Рўдакӣ буд, мусодира шуд.
Табаддулоти сиёсии соли 938 ва воқеаҳои минбаъда ба обрўю эътибор ва шаъну шукўҳи Рўдакӣ доғи ҷиддие гузошт.
Душманон молу мулки Рўдакиро ҳам тороҷ намуда, ўро чун шахси хатарнок ба чашмонаш мил кашида кўр карданд.
Баъди ин ҳодиса Рўдакӣ пири нотавон, озарёфта ва ҷазо гирифта ба деҳаи худ баргашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё