МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Пас муаллим суханашро давом дода мефаҳмонад, ки Рўдакӣ дар давраи ҳукмронии Насри II ба дараҷаи маликушуарро расидааст. Дар ин вақт Рўдакӣ алакай марди солхўрда буд, ки бо камолоти эҷодӣ, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худ сазовори сардори шоирон шудан буд.
Пас Рўдакӣ ба дарбори Сомониён на ҳамчун шоири маддоҳ, балки ҳамчун шоири оқилу доно дохил шуда, кўшиш кардааст, ки подшоҳ, вазирон ва дигар дарбориёнро ба роҳи нек ва боақлона, идора кардани давлат ҳидоят намояд. Аз ин рў, дар эҷодиёти шоир панду ҳикмат яке аз ҷойҳои асосиро иғол менамояд. Дар бораи қувваи таъсири суханҳои Рўдакӣ ба Насри II олим ва шоири асри ХІ-ХІІ Низомии Арўзии Самарқандӣ дар «Ҷаҳор мақола»-и худ нақл кардааст, ки «аз надимони подшоҳ ҳеҷ кас муҳташамтар аз мақбул – ул – қавлтар аз устод Рўдакӣ набуд».
Рўдакӣ чун надими Насри II дар ҳамаи сафарҳои шоҳ ширкат меварзид, табъи ҳозирон ва шоҳро бо шеъру сурудҳои дилнишини худ шоду масрур мегардонд.
Вале ҳамаи ин ҳаёти шодона, осудаҳолона баъд аз воқеаҳои сиёсӣ ва табадуллоти давлатии соли 938 ба куллӣ тағйир ёфт – шодӣ ба ғам, шириниҳои ҳаёт ба талхии айём, ҳолати давлатмандона ба вазъияти мўҳтоҷӣ мубаддал гашт.
Тавре ки худи шоир ишора кардааст:
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам, Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.
Дар охир муаллим дар бораи сабабҳои асосии пайдоиши зидиятҳои сиёсӣ ва табадуллоти дарборӣ истода мегузарад.
Аз соли 919 сар карда дар хоки Сомониён, аз як тараф, таблиғоти қарматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охири замони Наср ибни Аҳмад (914-943) таассуб ва хурофоти мазҳабӣ хеле боло рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё