МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
1.Рўдакӣ дар куҷо таваллуд шуд ва таҳсили илм кард?
2.Барои таҳсили илм боз ба куҷо рафт?
3.Оё таҳсили мадраса шоирро қонеъ мекунонд?
4.Мактаби кўҳна чӣ гуна мактаб буд?
5.Чӣ имконият дод, ки Рўдакӣ дар ҳаштсолагиаш «Қуръон»-ро аз бар кунад ва шеър нависад.
6.Шоир аввал дар дарбори кадом шоҳ хизмат кард?
7.Чаро шоир зуд шўҳрат пайдо кард?
8.Кадом сабабҳо ўро ба дарбори Сомониён бурд?
9.Чаро Рўдакӣ дар дарбор дуру дароз хизмат кард?
10.Мақсади дар дарбор хизмат кардани шоир аз чӣ иборат буд?
11.Сабабҳои нобино карда шудани Рўдакиро фаҳмонед.
12.Чаро аз зиндагии Рўдакӣ қариб ҳазору дусад сол гузаштаасту номи ў ҳоло ҳам зиндааст?
6. Арзёбии дониш. Дар ин лаҳзаи дарс муаллим дониши хонандагонро ба ҳисоб гирифта баҳогузорӣ мекунад.
7. Супориши вазифаи хонагӣ. Дар лаҳзаи охирини дарс ба хонандагон вазифаи хонагӣ супорида мешавад.
Хонандагон аз китоби дарсӣ шарҳи ҳоли Рўдакиро хонда, пандҳои дар синфи V азхудкардаро ба хотир меоранд ва як шеъри нав аз ёд мекунанд.
Адабиёти омӯзишӣ:
- Барномаи таълими адабиёти тоҷик дар синфҳои V-XI, Душанбе,2007.
- . Абдунабӣ Сатторзода.Адабиёти тоҷик барои синфи VIII, Душанбе, «Маориф»,2009.
- Мирзоев А. Абў Абдулло Рўдакӣ – Сталинобод,1958 4. Х. Мирзозода. Таърихи адабиёти тоҷик- Душанбе, «Маориф»,1987.
- Осори Рўдакӣ.
- Саидов Ҳ. Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Абўабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Душанбе, 2014.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ