Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 10

ХОНИШИ МУАССИР , ХУСУСИЯТ ВА ТАЛАБОТИ
ОН

«Аз ҳама ҳунарҳо беҳтарин ҳунар сухан гуфтан аст».
Унсурулмаолии Кайковус

Хониши муассирро ба истилоҳи «ифоданок» мо аз калимаи русии «выразительный» қабул кардаем. Беҳтар аст, ки онро хониши муассир гўем, ки тафсираш маъниҳои таъсирбахш, бурро, фасеҳ, возеҳ, пурмаъно ва ғайраро ифода менамояд. Гузаштагони мо дар ин замина таҷрибаи бой доштаанд. Ин таҷрибаи ибратомўз ва судманд дар осори Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба хубӣ дарҷ ёфтааст. Дар ин боб дастурҳое низ ҳастанд, ки хабардории омўзгорони мо аз онҳо аз манфиат холӣ нест. Аз ҷумла, Унсурулмаолии Кайковус дар боби ҷудогонаи «Қобуснома» («Насиҳатнома») ишораи ҷолибе дорад:
«Пушту рўи сухан нигоҳ бояд дошт ва ҳар чӣ гўӣ, ба некутарин ваҷҳе бояд гуфт, то ҳам сухангўй бошӣ ва ҳам сухандон.»
Зимнан бояд таъкид намуд, ки наққолӣ ё худ воизӣ дар шумори ҳунарҳои намоишӣ буда, аз ҳунарҳои қадимӣ ва писандидаи мардуми мост. Ин ҳунар аз замонҳои хеле қадим чун намои парвариши рўҳи мардум хидмат кардааст. Мардум соатҳои фароғатии худро дар майдону корвонсаройҳо ба шунидани нақлҳои ҳамосӣ ва таърихӣ мегузаронидаанд.
Махсусан, баъди пайдоиши бозорҳо ин ҳунар равнақ пайдо мекунад. Тазкираҳо аз ҳунари сухангўии Саъдӣ ва маҷлиси самоъу ваъзгўиҳои Мавлонои Балх низ ёдовар мешаванд.

пешина
аз 344
навбатӣ