МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ равнақи ин ҳунарро дар замони худ таъкид карда, аз ҷумла, нигоштааст, ки мардум ҳамеша «дар орзуи ваъзи Мавлоно Ҳусайн Воиз» будаанд.
Восифӣ низ шарафи шогирдии ин марди фозил ва сухандону сухангўро доштааст. Дар замони мо Маҳмуд Воҳидов аз беҳтарин сухангўён шинохта шуда, ҳунари асили сухани вай қалби мардумони гуногунзабонро тасхир намудааст.
Мо бо ин ишораҳо нутқи саҳнавӣ ва хониши муассирро як донистанӣ нестем. Вале бояд таъкид кард, ки дар вақти таълими хониши муассир аз таҷрибаи ҳунармандоне, ки дар ин равиш комёб шудаанд, метавон истифода кард.
Аз қадимулайём арзиш ва лутфи сухани соддаву мўъҷазу фаҳмо ба таъсирнокӣ, оҳанги гуфтор ва ифоданокии баён алоқаманд буд ва дар ин замина қимати он муайян мегашт.
Хониши муассир ҷузъи муҳими хониши адабист ва дар ташаккули нутқи хаттӣ ва даҳонии хонандагон таълими хониши бошуурона, муассир ва бурою ифоданок аз самтҳои муҳим ва арзишманди дарси адабиёт маҳсуб меёбад.
Муаллим барои он ки мазмуну муҳтавои асари бадеиро ба хонанда фаҳмонад, кўшиш менамояд, ки онро бурро, таъсирбахш, пурмаъно, фасеҳ, эҳсоснок хонад. Баҳри ин ҳадафи ормонӣ аксар афрод талош меварзанд, вале «қабули хотиру лутфи сухан» ба ҳама муяссар намегардад.
Дар тадқиқоти олимони педагогика ва суханшиносӣ дар хониши ифоданок малакаҳои бехато ва буро хондан, гўш кардан, риояи қонунияти хониш ва мизону низоми вазни шеър, дарки мазмун, нозукиҳои маъниофарӣ, кайфияту лаззати эстетикии осори адабӣ ва монанди инҳо таъкид гардидааст.
Дар хониши ифоданоки порчаҳои манзум калидвожаҳо, яъне калимаву ибораҳои душворфаҳм ва пўшида шарҳ дода шуда, тарзи талаффуз ва идроки маъниҳо фаҳмонида мешавад. Бешубҳа, бедор намудани завқу табъи хонандагон ба хониши муассир ва ба онҳо ташаккул додани малака ва маҳорати суханварӣ, буррову мантиқӣ, бехато ва таъсирбахш хондани матни асари бадеӣ ба маҳорати касбӣ ва донишу истеъдод ва ҳунари ровигӣ амалоқамандӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ