МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Муаллимоне, ки малакаи хуби хондани матн доранд, ҳадафи хониш ва шарҳи мазмуни онро дуруст баён мекунанд, миёни хонандагон нуфузи хос пайдо менамоянд.
Пеш аз таҳлили асар онро бояд хомўшона ва бо овоз бехато хонд ва бо риояи талаботи нутқ бо мусиқӣ ва мантиқ бояд созиш дод, матнро бенуқсон тавассути риояи малакаву воситаҳои нутқ, хушоҳангии баён, зада ва таққуфи мантиқӣ, меъёрҳои талаффуз, нафаскашӣ, диксия ва овоз муассир баён намуд. Бо ин усул асари бадеӣ савияи таъсири худро ҳифз мекунад. Мо борҳо итминон пайдо намудаем, ки танҳо ба василаи хондани муассир иштиёқи хонандагон ба ин ё он адиб афзудааст. Бо ҳамин усули хониш маҳбубияти баъзе намунаҳои адабиёти гузаштаро метавон барои хонанда афзоиш дод.
Беш аз ин таҷриба собит мекунад, ки таъсири хониши зинда нисбат ба ҳарфи чопӣ ба хонанда зиёдтар аст. Агар хонанда ва ё ровӣ мавзўъ ва ғояро ба шунаванда расонда тавонад, чунин тобиши ҳиссӣ ва қабули сомеъ аз он ки бо чашм хонед, зиёдтар аст. Калима ба воситаи овоз ҷон гирифта, ғунҷоиши маънавиаш бештару гиротар мешавад. Аз ин ҷост, ки нутқи саҳнавӣ ё худ хониши бошууру шавқовари насру назм шунавандаро ба хурўш меоварад ва бештар андешапарвару таваҷҷуҳангез аст.
Вақте ки дар бораи таъсири ғоявӣ ва рўҳонии (ҳиссии) хониши муассир сухан мегўем, пеш аз ҳама, самараи хуби ахлоқии дарси адабиётро бояд дар назар овард. Ба назари мо, ҳеҷ чиз, ҳеҷ воситаи дигаре монанди хониши муассири бадеӣ таъсиргузор ва хаёлангез наменамояд. Хониши муассири бадеӣ синфро идора карда, ба низом меоварад. Ба ҳарфи пуртаъсири як нафар хонанда, гоҳо бе таъкиду дахолати омўзгор низ, аҳли синф мутеъона гўшу ҳуш медиҳанд. Мо бисёр мушоҳида кардаем, ки хонандагон ҳангоми шарҳу тафсири муаллим ин оромиро мешикананд ва ҳамин ки муаллим ба хондани пораи матн шурўъ намуд, фазои синф ранги дигар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ