МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Имрўз вақте ки воситаҳои зиёди техникӣ дар ихтиёри наврасон аст, омилҳое ҳаст, ки шавқу рағбати онҳоро аз хониши бадеии муассир дур мекунад. Чӣ бояд кард, ки чунин тарзи таҳсил ва таълими маърифати маънавӣ ҷойгоҳи рафеъашро аз даст надиҳад? Калиди ин муаммо дар дасти муаллим буду мемонад. Агар сатҳу савияи дарсҳои хониши бадеии муассир боло бурда нашавад, агар ин дарсҳо аз он чи ки хонандагон дар видеою DVD-ҳо мебинанду мешунаванд, пуртаъсиртар ва асаркунанда набошанд, дигар наврасон бо ин гуна дарс қатъӣ иртибот мекунанд. Махсусан, дар ҳоле ки олами муосир шаклҳои нав ба нави ифодаи каломи муассирро ба миён мегузорад. Театр, телевизион, радио ва даҳҳо воситаи дигар ҳоло дар ин замина хидматгузор ҳастанд. Мо сабти овози беҳтарин хонандаи шеър, ҳунарманди шаҳир Маҳмуд Воҳидовро борҳо шунидаем.
Сабки иншогарии баъзе аз шоиру нависандагонамон низ диққатангез аст ва миёни шунаванда маҳбубият дорад.
Ҳунари шодравон Ато Муҳаммадҷонов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Абдуқодир Маниёзов, Ортиқи Қодир, Муҳаммадҷони Шодӣ ва дигаронро низ дар хондани пораҳои назму наср бебадал аст. Дар ганҷинаи садою симои ҷумҳурӣ сабтҳое, ки намунаи хуби хониши бадеии муассир ҳастанд, ҳифз карда мешаванд.
Ҳунарманди фақид Маҳмуд Воҳидов аввалин касе буд, ки нимаи солҳои ҳафтод театри як актёрро таъсис дод.
Вай бори аввал дар таърихи ҳунари мо дар саҳна рў ба рў бо тамошобин шеър хонда, соатҳо мардумро гирифтор медошт.
Ба ифодаи санъатшинос Низом Нурҷонов, вай эҷодгари «театри андешаву гуфтор, театри манзум» буд. Хониши бадеӣ, пеш аз ҳама, ташаккули маҳорати адабиётфаҳмӣ ва ҳунаршиносиро тақозо мекунад. Маҳмудро истеъдод ва меҳнати босубот ба қуллаи ин ҳунар расонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ