МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Вай дар хондани шеър хусусиятҳои шаклӣ ва маънавии онро ба эътибор гирифта, хониши муаллиф (шоир ё нависанда) ва актёрро ба ҳам пайванд дод. Бинобар ин, дар хониши ў мо танҳо нақли мазмунро ҳис намекунем, балки вай дар ин ҳол офаранда аст ва бо забони ҳунар сухан мегўяд. Касе, ки монодрамаи «Ватан ва фарзандон»-ро тамошо кардааст, нағз дар ёд дорад, ки бо хондани шеъри «Бародарам»-и устод С.Айнӣ Маҳмуд Воҳидов ҳам нақши соҳиби шеър ва ҳам Муҳиддинхоҷаи шаҳидро офаридааст. Маҳмуд ҳангоми хондани шеър мусибатеро, ки ба сари қаҳрамони лирикӣ омадааст, амиқ дарк менамояд. Бинобар ин ҳам, оҳанги хониши ў дар хотимаи шеър шукўҳи хос пайдо карда, рўҳи фидокориву қаҳрамониро боло мебарад. Маҳмуд Воҳидов аз шеъри Ҳофизи лисонулғайб низ гузинаи бебаҳое омода карда буд. Ў дар ин спектакли манзум ба мисли Ҳофиз аз тангии Аллоҳу Акбар бо мардум суҳбат орост. Ба воситаи шеъри шоир ба мардум аз зиндагӣ, саъодати ошиқ будан, шинохти хилқати ашё ва зистану намурдан сухан мегуфт. Ў зарби ботинии шеъри Ҳофизро дарёфта, ба ин васила маънии онро ба шунаванда мерасонд. Вай зарби ҳарфу ҳиҷоро аз шеъри Ҳофиз иқтибос карда, ба василаи ҳунар андешаву орои ин шоири бузургро ба мо расонд. Мо ба воситаи хониши ў шеъри Ҳофизро беҳтару хубтар дарк мекардем.
Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,
К-ин танаъъум аз ғуломи турку астар мекунанд.
Ин тарзи таъсири сухан ба наврасон натиҷаҳои
судманд дорад. Шавқу рағбати онҳо ба каломи фасеҳ зиёд
мешавад. Ҳузури мактаббачагон дар театр омили
таъсирбахши ин равиши омўзиш аст. Мутаассифона, бад аст,
ки омўзгорони забону адабиёти мо ба воситаи хониши
воқеан ҳам муассир шавқи хонандагонро рўзафзун боло
намебаранд. Махсусан, солҳои охир ин омили парвариши завқи зебошинохтӣ қариб аз ёд рафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ