МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар макотиби олӣ низ барои тарбияи муаллимони оянда дар ин замина коре анҷом намегирад. Аз ин ҷиҳат аксари муаллимон одитарин усулҳои хониши бадеии муассирро намедонанд. Куҷо расад ба он ки хонандагон аз чунин омўзгорон чизе биомўзанд?
Агар муаллим бо овози равшан шеър ва ё пораи насриро пурмаънову таъсирбахш хонда тавонад, шогирдон аз ў ибрат мегиранд. Ибрати нек раҳнамои ягона ва беминнати онҳо хоҳад буд.
Вақте расидааст, ки (фардо дер мешавад!) мо барои муаллимон дар ин замина курсҳои хоси омўзишӣ таъсис дода, бунёди усулии омўзиши хониши бадеии муассирро таъсис диҳем. Ин тарзи омўзиш бояд низоми хос дошта бошад. Бояд кореро анҷом дод, ки дар омўзиш ва корбурди адабиёт натиҷаи дилхоҳ дода, омили забондонӣ ва сухангўии мактабиён гардад.
Акнун бояд ба суоле посух гўем, ки интизорашро муаллимони азиз доранд. Хониши муассир. Яъне, чӣ?
Хониши муассир ҳамон аст, ки ба қадри кофӣ мавзўъ ва ғояи матн ифода карда шавад. Хониши бадеии муассир бояд мутобиқи сабк ва махсусиятҳои жанрии асари бадеӣ бошад.
Чунин тарзи хониш ба воситаи овоз, оҳанги наҳвӣ, лирикӣ, ҳамосӣ, оҳанг ва вазни шеър ё насрро ифода мекунад. Ин тарзи хониш бояд босаводона бошад ва мутобиқи талаботи ҳунарӣ ва саҳеҳи савтиёти забони форсии тоҷикӣ анҷом гирад. Масалан, қироати шеъри «Одамият»-и Саъдии Шерозӣ бо тақлид ба намунаи хониши ровии шинохта Ортиқи Қодир тимсоли барҷаста ин гуфтаҳост:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гўшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.
Хуру хобу хашму шаҳват шағаб асту чаҳлу зулмат,
Ҳаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ