МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Варианти 1 1.Байти зерин ба қалами кадом шоир мансуб аст?
Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
2.Кӣ Абўабдуллоҳи Рўдакиро дар замонаш шоири беназир дар араб ва Аҷам шуморидааст?
3.Адабиёти тоҷику форс дар куҷо ташаккул ёфт?
4.Унвонҳои ифтихории «Одамушуарро», «Соҳибқирони шоирӣ» ва «Устоди шоирони ҷаҳон» ба кӣ тааллуқ доранд?
5.Давоми шеъри зеринро қироат кунед ва онро маънидод намоед:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад, Не бад-он чашм, к-андар ў нигарӣ.
Варианти 2 1.Байти зерин ба қалами кадом шоир тааллуқ дорад?
Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
2.Бори аввал «Калила ва Димна»-ро кӣ аз забони арабӣ ба забони дарӣ тарҷума карда ба назм даровард?
3.Кадом олими машҳури Эрон аз муҳаққиқони асосии эҷодиёти Рўдакӣ маҳсуб меёбад?
4.Дар асри Х кадом навъҳои шеър маъмул буданд?
5.Давоми рубоии зеринро қироат намуда маънояшро шарҳ диҳед:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Варианти 3 1.Дар ин байт кадом санъатҳои бадеӣ оварда шудааст?
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло, Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
(маҷоз, тавсиф, муболиға, ташхис, ташбеҳ) 2.Қасидаи «Бўйи ҷўйи Мўлиён» эҷоди кадом шоир аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё