МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
1.Расми шоир 2.Харитаи сафарҳои ў 3.Намоиши асарҳои адиб 4.Намоиши асарҳои монографие, ки бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти нависанда навишта шудаанд (А.Мирзоев, «Абўабдуллоҳи Рўдакӣ», Х.Мирзозода, «Абўабдуллоҳи Рўдакӣ- асосгузори адабиёти классикии тоҷик», Р.Ҳодизода, «Аз Рўдакӣ то имрўз»).
5.Ҷадвал (таблитса), ки номи асарҳои шоирро бо аксаш дар бар мегирад.
6.Компютер ва филми «Қисмати шоир»
Мавзўи мазкур характери такрорӣ дорад, чунки хонандагон дар синфи панҷум дар панҷ соат бо мухтасари шарҳи ҳол, панду андарзҳои шоир шинос шуда буданд.
Тафовут дар ин ду марҳилаи омўзиш дар он зоҳир мегардад, ки дарс дар синфи 5 хониши адабӣ аст ва асосан хонандагон бо баъзе пандҳои шоир шинос мешаванд.
Аммо дар синфи VIII бошад, омўзиш хусусияти монографӣ мегирад ва тарзи таълим ба таври – нақл (лексия) сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, мувофиқи талаботи методикаи таълими адабиёт ба омўзгор зарур аст, ки аз баъзе маводҳои хронологӣ даст кашида бештар ба ҷиҳати тарбиявии мавзўъ аҳамият диҳад ва дарсро ба замони имрўза вобаста кунад, аз шеърҳои худи шоир ва гуфторҳои шахсони бузург истифода барад. Дар бораи муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабие, ки шоир дар он муҳиту замон ба воя расидааст, маълумот диҳад.
Тавре ки дар боло номбар кардем, аз воситаҳои тахминию аёният бо самар истифода барад, то ки дарс муассиру хотирмон гардад.
Дарс бояд аз мавзўъҳои гузашта ва ба хусус, аз маводе, ки дар синфи 5 таълим дода шудааст, оғоз ёбад.
3. Пурсиши дарсҳои гузашта. Талаботи пешрафти илму техника ва ҳаёт аз омўзгор талаб мекунад, ки аз саволномаҳои тестӣ истифода барад. Ба фикри мо, саволномаҳои тестӣ 5 саволро дар бар гиранд, беҳтар аст.(таҳияи тест ин ба хоҳиши муаллимон вобаста аст) Барои намуна чанд тест пешкаш мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё