МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дарси чорум: Таҳлил ва маънидоди шеърҳои «Эй он ки ғамгинию сазоворӣ», «Шод зӣ», «Зиндагӣ».
Дарси панҷум: «Таҳлили панду андарзҳои Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ».
Дарси шашум: «Васфи табиат ва хушиҳои зиндагӣ дар эҷодиёти Рўдакӣ».
Дарси ҳафтум: «Рўдакӣ-асосгузори адабиёти тоҷику форс. Забон ва услуби осори шоир».
Омӯзгор пеш аз гузаштани ҳар як дарс мақсад ва усули гузаштани онро муайян намуда, дар план-конспекти худ акс мекунад. Дар таҷрибаи омӯзгор бо тақозои давру замон ҳангоми такрори мавзуъҳои гузашта аз санҷиши тестӣ фаровон истифода шудааст. Бо роҳи санҷиши тестӣ такрор кардани мавзуъҳои гузашта хонандаро водор месозад, ки на танҳо маводҳои дарсҳои ба наздикӣ омухтаро, балки маводи дар синфҳои дигар омўхтаашонро фаромўш накунанд.
ДАРСИ ЯКУМ
Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
- Мақсади дарс: а) бо муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаёт, фаъолияти адабӣ ва замони зиндагии устод Рўдакӣ шинос намудани хонандагон; б) бо роҳи қироати пандҳо, ҷавоб ба саволҳои тестӣ инкишофу идома додани нутқи мураттаб дар онҳо; в) дар рўҳияи илмомўзию илмдўстӣ, инсондўстӣ, ватанпарварию ватандўстӣ тарбия намудани шогирдон.
- Усули гузаштани дарс:
Дарс бо истифода аз асбобҳои аёнӣ ва асарҳои монографӣ бо усули нақл (лексия) гузашта мешавад.
Аёният ҳангоми омўхтани шарҳи ҳоли адиб воситаи муҳимест, ки диққати хонандагонро ба мавзуъ ҷалб мекунад, кори омўзгорро осон менамояд. Ҳангоми таълими шарҳи ҳоли шоир муаллим метавонад аз аёниятҳои зерин истифода барад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё