Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ммидори соатҳо ба хонандагон доир ба зиндагиномаи шоир, анвои шеърҳо, таҳлил ва шарҳи қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ», «Модари май», шеърҳои «Эй он ки ғамгинию сазоворӣ», «Шод зӣ», «Зиндагӣ», панду андарзҳо, васфи табиат ва хушиҳои зиндагӣ ва забону услуби шеърҳои Рўдакӣ бояд маълумоти амиқ дода шавад.
Дар ҳақиқат, тибқи талаботи барномаи адабиёти тоҷик барои синфҳои 5-11 омӯзиши таърихи адабиёт дар синфи 8-
11 тавассути асарҳои калонҳаҷми адибон батафсил таҳлил ёфта, мақсад ва моҳияти осори адабӣ, арзишҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва эстетикӣ васеъ арзёбӣ шуда, дониши шогирдон мукаммал ва ҷаҳонбинияшон васеъ мегардад. Бинобар ин, ба омӯзгорон зарур аст, ки ба дарс ҳамаҷониба тайёрӣ дида, талаботи методикаи таълими адабиёт ва барномаи таълимиро сармашқи фаъолият дониста, мақсади дарс ва самтҳои асосии таълими дақиқ муайян намуда, равиш ва усулҳои муосири таълим ва падидаҳои навоваронаи таҳсилоти босифатро истифода намоянд.
Дар бораи таълими ҳаёт ва фаъолияти Рўдакӣ олимон ва омӯзгорону методистон то ба имрўз мақолаҳои зиёде навишта фикру ақидаҳои хешро иброз намудаанд. Махсусан, дастурҳои таълимии дотсент Сайфулло Маҳкамов ва омӯзгор ва методист Ҳотам Саидов қобили таваҷҷуҳ ва манфиатбахш мебошанд. Ҳамчун намуна нақша ва як соат дарси таҳлилнамудаи Ҳ.Саидовро пешкаш менамоем:
Нақшаи намунавии тақсимоти мавзӯъҳоро ба таври зайл ба нақша гирифта шудааст:
Дарси якум: «Ҳаёт ва фаъолияти Абуабдуллоҳи Рўдакӣ».
Дарси дуюм: «Таҳлил ва шарҳи қасидаи «Шикоят аз пирӣ».
Дарси сеюм: Таҳлил ва шарҳи қасидаи «Модари май».

пешина
аз 344
навбатӣ