Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

3.Аз мероси адабии устод Рўдакӣ то давраи мо чӣ қадар байт омада расидааст?
4.Кӣ бори аввал арўзи арабиро ба тоҷикӣ баргардонд?
5.«Авесто» аз чанд қисмат иборат аст?
(5, 4,3,2,6) Варианти 4 1.Байти зерин аз кадом асари Абўабдуллоҳи Рўдакӣ аст?
Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор, Ҳеҷ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.
2.Асосгузори рубоӣ дар адабиёти классикии тоҷик кист? (Рўдакӣ, Сино, Хайём, Фирдавсӣ).
3.Аввалин подшоҳ дар устураи ниёгонамон кист?
(Каюмарс, Ҷамшед, Манучеҳр, Афросиёб).
4.Бо тасвири Рўдакӣ чӣ хел мардро мард ҳисобидан мумкин аст? Шумо онро чӣ тавр мефаҳмед, шарҳ диҳед?
5. Дар адабиёти тоҷику форс бори аввал дар эҷодиёти кадом шоир ба номҳои Лайлӣ ва Маҷнун дучор меоед?
Баъди ба саволҳои тестӣ ҷавоб гирифтан, аз худ кардани порчаҳои панду ахлоқие, ки хонандагон дар синфи V аз ёд карда буданд, такрор мекунонад ва муаллим ҳамаи ҷавобҳои хонандагонро ҷамъбаст намуда эълон мекунад, ки имрўз мо ба ҳаёт ва фаъолияти поягузории адабиёти классикии тоҷику форс Абўабдулло Рўдакӣ ба таври пурра шинос мешавем. Баъд таблитса ва харитаи мамлакатҳои Осиёро ба тахтаи синф меовезад.
4. Баёни мавзӯи нав. Омӯзгор дарсро аз ба хотир овардани филми «Қисмати шоир» ҳусни оғоз бахшад. Шояд хонандагон дар бораи филм нақлҳо кунанд, ҳаёти шоирро ба хотир оранд. Хонандагон мазмуни филмро ба хотир оварда, ба моҳияту аҳамияти эҷодиёти шоир бештар сарфаҳм мераванд.
Сипас, муаллим аз асарҳои монографӣ истифода бурда, дар бораи ҷавонӣ, таҳсил дар мактабу мадраса маълумоти саҳеҳу муфассал медиҳад.

пешина
аз 344
навбатӣ