Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ гуна одамро метавон Қаҳрамони миллӣ донист?
Суҳбат дар бораи нависанда дар ҷараёни омўзиши осори ў низ идома меёбад. Осори ў «Одина», «Ғуломон», «Ҷаллодони Бухоро» ва «Ёддоштҳо»-ро таҳлил карда, ба саволҳо ҷавоб меҷўем.
Дар асарҳояш нависанда ғами киро мехўрад? Муҳаббати нависанда ба халқ чӣ гуна ифода шудааст?
Аз омўзиши ҳаёт ва фаъолияти нависанда натиҷагирӣ карда, аз байни мавзўъҳои гуногун мавзўи зерро барои иншо навиштан интихоб мекунем. «Айнӣ-шоир», «Садоқати миллии С.Айнӣ» ва ё симои ҷовидонаи С. Айнӣ.
Чеҳраи ахлоқии Мирзо Турсунзодаро, муҳаббати ўро ба халқи худ, халқҳои дигар дар асоси навиштаҳояш, сафарҳояш ба хонандагон тафсир карда, бо ин ба онҳо ёрӣ мерасонем, ки моҳияти зиндагии шоирро дарк кунанд.
Муаллим дар масъалаи омўзиши ҳаёт ва фаъолияти адиб набояд фақат бо дарс маҳдуд шавад. Дар ин замина аз маҳфилҳо, шабнишиниҳо, гуфтори радио ва дигар васоити тасвирӣ бояд самаранок истифода барад. Хонандагон дар маҳфили адабӣ мактубҳо, ёддоштҳо, гуфтори нависандагони дигарро хонда, дар ин мавзўъ метавонанд суханронӣ кунанд.
Дар вақти баррасии ин мавод мубоҳисаҳо ба миён меоянд.
Омўзгор баҳсро бояд ба маҷрои дуруст ва ҳадафманд равона созад.
Ҳангоми ташкили ҷашнвораҳои ба ҳаёт ва эҷодиёти адиб бахшидашуда, ҳадафи тарбиявӣ ва маърифатии онро ба ҳисоб гирифтан муҳим аст. Ин имкон медиҳад, ки дар тасаввуроти шунавандагон чеҳраи комили нависанда ба вуҷуд оварда шавад. Ҳамин гуна шабнишиниро бахшида ба Абулқосим Фирдавсӣ барои хонандагони синфҳои 7-8 гузаронидан имконпазир аст. Барои шаклгирии андешаи хонандагон дар бораи ватан, миллат, таърих, шоири миллӣ, адабиёти миллӣ ва ғайра суолҳоро пеш мегузорем.
Барои чӣ Фирдавсиро шоири миллӣ мегўем?

пешина
аз 344
навбатӣ