МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хусусиятҳои миллии «Шоҳнома»-ро чӣ гуна баён мекунед?
Аз зиндагии Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў чӣ сабақе гирифтед?
Дар асоси ҳамин саволҳо барои шабнишинӣ аснод ҷамъ меоварем, ки моҳияти суолҳоро ифода карда тавонанд.
Бо хонандагон оид ба омўзиши тарҷумаи ҳоли адиб машғулият гузаронида, мо кўшиш мекунем санадеро таъйид кунем, ки имкон медиҳад ба ҷаҳони маънавии наврас ворид шавем ва дар ниҳоди ў маънавияти баландро тарбият кунем.
Гуногунии шакли истифодаи маводи тарҷумаиҳолӣ имкон медиҳад, ки чеҳраи зиндаи адибро дар дилу ёди хонандагон ба вуҷуд оварем. Ин ҳолат барои дарки осори бадеӣ, ҳодисаҳои адабӣ ва афзудани шавқи хонандагон ба адабиёт мусоидат мекунад.
Саволу супориш:
- Омўзиши зиндагинома ва шахсияти адиб дар дарси адабиёт чӣ нақш дорад?
- Ҳаёт ва фаъолияти адабии Рўдакӣ дар кадом асарҳои бадеӣ таҷассум ёфтааст?
- Симои Аҳмади Дониш дар кадом асарҳо офарида шудааст?
- Дар назми муосири тоҷик симои С. Айнӣ дар ашъори кадом шоирон тасвир ёфтааст?
- Дар таълими зиндагиномаи адибон кадом усул ва равишҳо истифода мешаванд?
Адабиёти омўзишӣ
Абдусамади Мулло. Шахсияти эҷодӣ ва че{ранигори {унарӣ. Душанбе, Деваштич. 294 саҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё