Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар заминаи ин дастури назари мавзўӣ таълими шахсияти адибро дар дарс ва берун аз он аз назар мегузаронем. Ба хонандагон оид ба ибтидои фаъолияти устод С. Айнӣ нақл карда, ба муҳите, ки адиб парвариш ёфтааст, дар бораи воқеаҳои муҳими ҳаёти ў муносибати ў ба маорифпарварон ва муҳимтарин саҳифаҳои зиндагиаш дар он солҳо маълумот медиҳем. Дар бораи зиндонӣ шудани С.
Айнӣ ва робитаи ў бо ҷавонбухориён маълумот дода, ба аҳамияти миллии фаъолияти ў дар ин давра диққат медиҳем.
Фақат нақл дар бораи фаъолияти С. Айнӣ дар ибтидои солҳо бистум кифоя аст, ки хонандагон дар бораи чеҳраи инсонӣ ва фарҳангиаш маълумоти кофӣ ба даст оранд. Фаъолияти минбаъдаи С. Айнӣ дар нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд, таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик», осори бадеӣ, хидматҳои баъдияш дар пешрафти илму фарҳанги тоҷикон саҳифаҳои дурахшони зиндагиномаи ин марди бузург аст, ки бо дасти худаш дар «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» нашр шудааст.
Дар заминаи тарҷумаи ҳоли нависанда ба хонандагон суоли медиҳем: Кадом лаҳзаҳои сарнавишти бачагии Айнӣ хотирмон аст? Муносибати ў бо рушанфикрон чӣ гуна буд?
Дар бораи зиндагии С.Айнӣ, ба хусус, дар солҳои бист ба хонандагон нақл карда, хислатҳои дар он солҳо ба ў хосро ошкор мекунем. Дарки ин масъалаҳо ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо сароғози андешаҳои миллатдўстии Айнӣ ошно шаванд ва ҳаёти пурҷушу хурўши ўро пеши назар оваранд. Аз рўи ҳамин нақша минбаъд низ сўҳбатро идома медиҳем. Хонандагон бовар ҳосил хоҳанд кард, ки ташаккул ва зуҳури фазилатҳои маънавӣ ва ахлоқии устод Айнӣ дар давраи баркамолияш камоли мантиқии ҳамон сифатҳоест, ки дар даврони бачагиаш дар вуҷуди ў парвариши ёфтаанд.
Дар хона ба хонандагон супориш медиҳем, ки ба суолҳои зерин хаттӣ ҷавоб нависанд: Миллатдўстии Садриддин Айнӣ чӣ маънӣ дорад?

пешина
аз 344
навбатӣ