Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Арзёбии шоеъи шахсияти шоир ё нависанда аз ҷониби хонандагон чунин аст:

  • Садриддин Айнӣ нависандаи бузурги тоҷик аст.
    Муборизи манфиатҳои халқи тоҷик, инсони меҳнатдўст, накукор, дар зиндагӣ ранҷҳои зиёд дида…
    Иҷтимоигароии барзиёд ва ё, баръакс, таваҷҷуҳ ба шароитҳои зиндагӣ ва ҳодисаҳо ду сари як ресмон аст, ҳангоми тарсими шахсияти мушаххаси адиб дар дарси адабиёт. Муқобилгузории ғоявию ахлоқӣ, фаъолияти ҷамъиятию инсонӣ назари кўҳна ва шахшуда ва беш аз ин, зиёновар аст, зеро назари қолабиро дар шинохти ҳаёт ва фаъолияти нависанда ё шоир думбол мекунад.
    Таҷриба собит месозад, ки чеҳари инсонии адиб фақат аз тариқи тавсири ахлоқӣ ва арзёбии, ягонагии ин унсурҳо шинохта мешавад. Хонандагонро чунин фазилатҳои инсонии нависанда, монанди муҳаббат ба Ватан, халқ, эҳсоси ифтихори миллӣ, собитқадамӣ, фидокорӣ гирифтор медорад.
    Ва ин табиист: ҳолати равонии хонандагони синфҳои боло ҳаминро тақозо мекунад. Вале дар ин росто қонунияти дигар низ амал мекунад: дарки чеҳраи комили инсонии адиб ҳамон вақт муяссар мешавад, ки вай ба таҳлили ҳаматарафаи иқдомҳои ахлоқии нависанда дар вазъиятҳои гуногун ва муносибаташ дар тўли ҳаёт ва фаъолият асос ёфта бошад.
    Шавқмандии хонандагон ба сарнавишти адиб, ҷустуҷўҳои тазодҳои дарунии ў хеле зиёд аст. Ин ҳодиса ба рўҳияи хонандагони синфҳои боло вобастагӣ дорад. Дар роҳи такмили худ инсон, ба хусус, ҷавонон ба ҷаҳони дарунии одами дигар, таҷрибаи зиндагии он, ки арзишмандтар аст, муроҷиат мекунанд. Талаботи маънавии соҳибӣ кардани ин дунё пайдо мешавад. Ана, барои чӣ ба мо муҳим аст, ки ҳарду паҳлуи фазилатҳои адиб дар таносуб бо ҳам ба хонандагон нишон дода шавад.
    Шахсияти адиб дар ҳама ҳолат дар алоқамандӣ бо замони зиндагияш омўхта ва ё таълим дода мешавад. Ошкор кардани аломатҳои асосии чеҳраи маънавии адиб то ҷое ҳодисаҳои таърихиро тавсиф кардан аст.
пешина
аз 344
навбатӣ