Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

адиб лозим аст, ба дараҷаи зарурӣ таъсири маърифатию ахлоқӣ надорад. Аз ин нуқтаи назар омўзиши ҳаматарафаи шахсияти адиб яке аз василаҳои таъсири тарбиявии осори ҳунарӣ ба хонандагон мебошад. Сафар ба ҷаҳони арзишҳои волои ахлоқӣ, ки ба сабаби омўзиши шахсияти адиб барои хонанда кушода мешавад, дар андешаи хонандагон таъсири амиқ ва носутурданӣ мегузорад. Ошноии хонандагон бо шахсияти Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон ҳамчун фидокорони соҳаи адабиёт хонандагонро дар рўҳияи меҳнатдўстӣ ва садоқатмандию собитқадамӣ баҳри кору фаъолияти нек раҳнамоӣ мекунад. Ба хонандагон аз душвориҳое, ки солҳои бисту сӣ ва баъд низ ба дўши устод С. Айнӣ афтода буд ёд карда, оташи шавқи ватандўстӣ ва созандагиро дар дили наврасон меафрўзад, зеро бе он зиндагӣ маънӣ надорад. Дар тасаввури хонандагон чеҳраи комили ахлоқии нависандаро ба вуҷуд оварда, омўзгор ба шаклгирии тасаввуроти хонандагон дар бораи зебоии ҳаёти инсон мусоидат мекунад.
Вай бо мисолҳои мушаххас як қатор меъёрҳои ахлоқию зебошинохтиро шарҳ медиҳад. Аз таҷрибаи мактабҳо бармеояд, ки ҳатто дар ҳоле ки омўзгор тарҷумаи ҳоли адибро нақл мекунад, бештар ба зикри санадҳои хушк эътибор медиҳад, ки ин таҷриба самаранок нест. Аксаран тарҷумаи ҳол яктарафа, бе ошкор кардани чеҳраи амиқи ахлоқии адиб омўзонда мешавад ва мавқеияти ҷамъияти адиб ҷудо аз ҳодисаҳои ба ҳам зидди ҳаёти ҷомеа маънидод карда мешавад, ки гоҳо хилофи ҳодисаҳоест, ки дар амалу кирдор, ақида ва муносибати ў ба одамон таъсир гузоштаанд.
Масалан, роҳи зиндагӣ, аз ҷумла, бачагии С. Айнӣ дар тасаввури бачагон аз омўзиши асарҳои адиб вуҷуд дорад ва фаъолияти нависандагӣ ва инсонии адибро равшан менамояд. Чунин мешавад, ки шахсияти адибро тавсиф карда, хонандагон ё дар бораи меҳнатдўстии одамият, муҳаббат ба китоб мегўянд ё дар бораи бадбинии ў нисбат ба истисмори инсон ва муҳаббати Ватан. Фаҳмиши ягонаи фазилатҳои ахлоқиву шаҳрвандӣ ин ҷо соқит мешавад.

пешина
аз 344
навбатӣ