МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба мо дар бораи шахсияти нависанда, хислатҳои инсонии ў, алоқамандиаш бо муосирон маълумоти бебадал медиҳанд. Вақте ки мо мактубҳои Садриддин Айниро мехонем, «садои дили инсони ғамхору дилсўз, инсони фидокор, садои дили инсоне шунида мешавад, ки лаҳзае аз ғами миллат, ғами пешрафти фарҳангу маданияти
1 он фориғ набудааст».
Тасвири адиб, филмҳои ҳуҷҷатие, ки аз ҳаёти адибон гирифта шудаанд, сабти овози онҳо, аз ҷониби шоир ё нависанда хондани осораш бояд ҳамеша дар дарсҳое, ки сухан аз зиндагиномаи адиб меравад, мавриди истифода қарор гиранд Ҳамин тариқ, хонандагон зиндагиномаи адибро омўхта, бояд эътимод кунанд, ки сарнавишти аҳли қалам ғанӣ буда, таваҷҷуҳи онҳо ба ҳаёти халқ, ҳодисаҳои фарҳангӣ, меҳнати тоқатшикан дар болои осорашон ва бисёр корҳои дигар гувоҳи камолоти инсонии онҳост.
Ҳар қадар ки супориш дар бораи зиндагиномаи адиб гуногунранг бошад, таассуроти хонандагон дар бораи шахсият амиқ мешавад.
Тарбияи хонандагон ба василаи адабиёти бадеӣ фарояндест, ки таъсири мутақобилаи тимсолҳои асар ва шахсияти соҳиби онро дар бар мегирад. Махсусан, таъсири судманди маърифатӣ ва ахлоқии ин ҳодиса барои хонандагони синфҳои болоӣ чашмгир аст.
Хонандагони синфҳои боло на фақат эҳсоси баланд доранд, балки сахт ҷўёи ормони зиндагисоз низ ҳастанд.
Мутаассифона, барномаи таълими адабиёт ин хусусияти равонӣ ва маърифатхоҳии хонандагони ин синну солро чандон ба эътибор нагирифтааст.
Маълумоти мухтасари тарҷумаҳолӣ дар бораи шоиру нависанда, ки барои хонандагон дар вақти омўзиши осори
1
Х.Отахонова. Чанд масъалаи забон дар мактубҳои устод Айнӣ. Ҷашнномаи
Айнӣ, ҷилди 1Х, Душанбе, 2002, саҳ.150.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё