МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Воситаи дигаре, ки барои гузаронидани дарсҳои зиндагиномаи адиб ёрии амалӣ мерасонад, ёддоштҳо, мактубҳо ва рўзномаҳои шоиру нависандагон мебошад. Ин сарчашмаҳо таассуроти хонандагонро дар бораи шахсияти адиб ғанӣ гардонда, онҳоро бо замон ва муосирон, афкори адабӣ ва ахлоқии адиб ошно месозад. Чунин адабиёт бо эътимоднокиаш таъсири бузурги ҳиссӣ ва тарбиявӣ дорад.
Вале истифодаи ёддошт дар интихоби мавод ва тафсири он ҳушёрии хосро тақозо мекунад. Муаллим ҳамон ёддоштҳоеро интихоб менамояд, ки хусусиятҳои асосии шахсияти адибро ошкор месозанд.
Дар синф пораҳоеро аз ин гуна ёддоштҳо хондан аз манфиат холӣ нест. Гоҳо пораи ёддошти хондашуда хеле афзалият дорад.
Ҳангоми таълими зиндагиномаи Айнӣ ҳамин гуна ёддоштҳоро, ки шахсияти инсонии устодро таҷассум намудаанд, хондан ва тафсир кардан пураҳамият аст. Худи «Ёддоштҳо»-и Айнӣ дар тафсири шахсияти ў ҳуҷҷати адабии бебадал аст. «Лоиқнома»-и Сорбон низ яке аз сарчашмаҳои боэътимод ва арзишмандест дар шинохти шахсияти Лоиқ.
Дар ин дарсҳо аз сабти овози адибон истифода кардан, аз ҷониби онҳо тафсири пораҳое аз зиндагиашонро шунидани хонандагон арзишманд аст. Ба хонандагон шунидани овози Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ шавқангез мебошад.
Хондан ва истифодаи мактубҳо ҳангоми таълими зинагиномаи адиб арзиши бузург дорад. Дар онҳо ҷаҳонбинӣ, дониш, ҷаҳони маънавӣ, эътиқод, бовар, ормон ва қазоват оиди зиндагии адиб таҷассум ёфтаанд.
Мактубҳои Садриддин Айниро ба Абулқосим Лоҳутӣ гирем. Онҳо фидоии адабиётанд ва сарнавишташон ибрати рўзгори фарзандони халқ буда, худиро дар хеш гудохта, дарси худогоҳӣ ва хештаншиносӣ медиҳанд. Ин мактубҳо барои омўхтани ҳаёти шахсӣ, ақидаҳои адабӣ, муносибати адибон бо ҳодисаву воқеаҳои ҳаёти ҷомеа манбаи боэътимоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё