МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
дониши амиқ, андешамандӣ ва ҳассосияти ҳимматбаландонаро аз камоли маънавиёт ва салоҳиятмандии нависандаи бузург мешиносад.
Дар ин равиш асарҳои зиёди илмӣ навишта шудаанд ва муаллим дар вақти таълими зиндагиномаи адиб метавонад аз он огоҳона истифода барад. Мо ба ҳамин тафсир қаноат карда, хулоса менамоем:
а) муаллим ҳангоми таълими зиндагиномаи адиб дар бораи шоир ё нависанда ҳамчун инсон, дар бораи ғановат ва махсусияти ҷаҳони маънавии он бояд маълумот диҳад; б) ба он санадҳои ҳаётӣ бояд диққат дод, ки дар шаклгирии назар ва хислати адиб мавқеи муҳим доштаанд; в) ҳикоят дар бораи зиндагии адиб бояд хонандаи ҷавонро ба хулосаҳои муҳими зистан оварад, ўро бо рўҳи зиндагишиносӣ тарбият намояд.
Ҳангоми таълими зиндагиномаи нависандагони муосир хонандагон бояд тазодҳои роҳи зиндагӣ ва ҷустуҷўҳои ғоявии адибонро донанд. Шахсияти адиб на фақат дар амалу кирдор, балки дар дилбастагӣ ва хайрхоҳии ў низ кушода мешавад. Донистани он ки адиб чиро дўст медошту арҷ мениҳод, бо муосирони бузургаш чӣ тарз муносибат мекард, тасаввуротро дар бораи шахсияти адиб ғанӣ мегардонад. Дар вақти омўхтани зиндагиномаи адиб хонандагон адибро бо тамоми ғановату сахои олами маънавиаш ҳамчун одами зинда бояд шиносанд. Хонанда, ҳар қадар ки шахсияти адибро равшан тасаввур кунад, ҳамон андоза асарҳои ўро амиқ ва пурэҳсос қабул менамояд.
Зиндагии адибро наметавон аз эҷодиёташ ҷудо кард. Дар китобҳо ормонҳои ҷамъиятӣ ва ахлоқии адиб муҷассам шудаанд. Лозим аст, ки хонандагон китобро хонда, муаллифи онро дар паси сатрҳо дида тавонанд, баҳои бевоситаи муаллифро дар бораи зиндагиву одамон дарк ва эҳсос намоянд. Нависанда ё шоир фақат хубиро навишта наметавонад, бояд, ки онро эҳтимолан дар ботини худ созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё