Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳодизода, А.Маниёзов, Х.Шарифов, А.Ҳаким, М.Раҷабӣ, А.Муллоев ва дигарон пайдо карда метавонад.
Донишманди фақид Абдулғанӣ Мирзоев дар очерки «Рўдакӣ ва ҷараёни зиндагии ў» ба масъалаҳои вақт ва маҳалли таваллуд, куния, ном, насаб ва тахаллус, давраҳои аввали зиндагии шоир, ба пойтахти Сомониён кашида шудани шоир, Рўдакӣ дар дарбори Насри II, нобиноии Рўдакӣ, таблиғоти қарматиҳо ва оқибати он, Рўдакӣ ва қарматиҳо ва ғайра дахл карда, дар заминаи муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти шоир, таърихи талошҳо, шуҳрат ва қисмати талхи ўро зинда месозад. Донишманди маъруф сарнавишти пур аз шебу фарози шоирро дар алоқамандӣ бо ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва осори худи ў возеҳ ба қалам медиҳад, ки хеле ибратомўз аст. Очерки тарҷумаиҳолии А. Мирзоев хонандаро бо ҷаҳони шеъри Рўдакӣ ошно карда, ҳамдардӣ ва таваҷҷуҳи хонандаро ба зиндагии пурфоҷеаи шоир меафзояд.
Маъруфи Раҷабӣ дар рисолаи «Сотим Улуғзода - абармарди набард ва андеша» дар бораи тарзи интихоби маводи тарҷумаиҳолӣ менависад: «Дар фасли якум нақши сарнавиштсози идеология дар ҳаёти шахсии С.Улуғзода ва дар фасли охир ҳамбастагиҳои ҳаёти эҷодӣ ва зиндагии хусусии С.Улуғзода ва гўё таъсири зоҳиран ноогоҳонаи мутақобили ин ду ҳаёт ба мулоҳиза омадааст…Мо дар ин рисола дар бисёр мавридҳо кўшидаем, ки кулли соҳаҳои фаъолияти С.Улуғзодаро дар яклухтӣ ва ба ҳамон андозае, ки ба наср ва ё ҳаёти шахсии ў иртибот доранд, ба мулоҳиза гирем, ки ин усул ҳам дар адабиётшиносии мо камтар ба
1 чашм мерасад». Адабиётшинос савияи баланди нависандагӣ, аз ҷумла, ҳунарӣ ва камолоти инсониро аз хусусиятҳои муҳими С.Улуғзода медонад. М.Раҷабӣ се фазилати муҳим:

1 М.Раҷабӣ. Сотим Улуғзода абармарди набард ва андеша. Душанбе, 2004, саҳ.12.

пешина
аз 344
навбатӣ