МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Муовизаи таърихии методҳо ва усули омӯзиши адабиёт, навгароӣ дар такя ба суннатҳои гузаштаи таълимии ин фан.
- Шаклдиҳии намунаҳои нави муносибатҳои муаллиму донишомӯз ва парвариши рӯҳияи эҷодкорӣ дар шогирдон.
- Ҷустор дар сохтори нави тадрис ва тарроҳии шаклҳои дигари гузаронидани дарс.
Адабиёти бадеӣ дар роҳи ташаккули худшиносии ҷомеаи муосир ва инсонӣ сохтани он омили созанда ба ҳисоб меравад. Вай ёдномаи бадеӣ, зебоишиносӣ ва ахлоқии миллати мо мебошад. Бинобар ин, барои ҳифзи равишҳои судманди методикаи таълими адабиёт, ғанӣ намудани таҷрибаҳои гузашта ва кашфи роҳҳову василаҳои нави таълими ин фан чӣ бояд кард?
Чунон ки маълум аст, дар тайи ду даҳсолаи охир, махсусан, даҳсолаи даврони тозаистиқлолии кишвар дар ин замина тағйироти чашмгире ба вуҷуд омад. Равиши арзиши маводи таърихи адабиёт ва ҳодисаҳои адабӣ тағйир ёфта, барномаҳои нави таълимӣ, дастурҳои гуногун ва китобҳои дарсии нав таҳия ва нашр гардиданд. Садҳо мактабу литсейҳо ва гимназияҳои давлативу хусусӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Намунаҳои гуногуни тарзу тариқи таълими адабиёт бо дарназаргирии таркибҳои бунёдии маълумоти нақди адабӣ омода гардиданд. Ин амал танҳо бо мақсади ҳифзи беҳтарин суннатҳои таълими адабиёт дар кишвар, таҳкими пайванди ҳамкориҳои тарафайни муаллиму донишомӯз дар заминаи назарҳои гуногун роҳандозӣ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё