МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Баъзеҳо дар ҷараёни таълим равиши ғоявию зебоишинохтӣ ва гурӯҳи дигар ҳиссиву зебоишинохтиро афзал дониста, асари бадеиро дар ин замина таҳлил мекунанд. Таълими адабиёт дар мактабҳои мо асосан моҳияти ахлоқию ғоявӣ дошта, ҷанбаҳои ҳунарӣ ва зебоишинохтии осори адабиро аксаран кам ба эътибор мегирад. Имрӯз ҷомеаро хавфи камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба арзишҳои ҳунарии осори бадеӣ ба ташвиш наоварда наметавонад.
Аз ин рӯ, дар таълими адабиёт бояд, пеш аз ҳама, ба мустақилияти дарки хонанда эътибор дода шавад. Дар ин равиш ҷараёни таҳлили асари бадеӣ бояд тобеи таҳлили ҷомеъ бошад ва фардияти адиб, поэтикаи осори ӯ ва арзёбии онро дар бар гирад.
Дар ин робита метавон масъалаҳои назарии зерини равиши таълими адабиётро зикр кард:
- Масъалаи хониш, дарки осори бадеӣ ҳамчун санъати сухан, ташаккули хонанда ва ҷаҳони маънавии вай. Дар ин замина аз гуногунии завқи хонандагон дар интихоби асари бадеӣ низ наметавон сарфи назар кард. Ормонҳои воқеии замон низ омили шаклдиҳандаи завқи хонандаи имрӯзанд, ки дар интихоби осори бадеӣ ва ҷараёни дарки он таъсиргузор мебошанд.
- Ғаноафзоии тарафайни адабиётшиносӣ ва методикаи таълими адабиёт, омӯзиши масъалаҳо ва дурнамои омӯзиши поэтикаи асари бадеӣ дар дарсҳои адабиёт.
- Амиқбурди пайванди дарки асар, тафсир, таҳлил ва мустақилияти фаъолияти хонандагон.
- Омӯзиши масъалаи камолоти адабиётфаҳмии хонандагон на фақат дар соҳаи таҳқиқ, балки ҳамчун асоси таълими фанни адабиёт, интихоби барнома, консепсия, технологияи дарсҳо дар зинаҳои гуногуни таҳсили адабиёт аз тарафи хонандагон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё