Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дақиқии шинохти дунё эҷоди бадеӣ бо илм рақобат дорад.
Вале махсусияти он дар ин аст, ки ба хонанда тасвири образноки ҷаҳонеро менамоёнад ва дар худ аломатҳои баҳрабардории забоишиносӣ, маърифати ҳусн, дарси ахлоқӣ ва ниҳоят ҳамон оромиши рӯҳиро ба вуҷуд меоварад, ки барои ҳама муҳим ва созанда аст.
Дар ҳар замоне вазъи маънавии ҷомеа вазифаҳо ва ҳадафҳои методикаи (равиши) таълими адабиётро муайян мекунад. Таваҷҷуҳ ба арзишҳои маънавӣ,ки мутаассифона, хеле аз онҳо аз даст рафтааст, рӯз то рӯз афзоиш меёбад.
Муносибатҳои нави муаллиму хонанда, омодагӣ ба ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва муҳокимаву андешарониҳои мустақил дар муҳити омӯзишу парвариш аҳамияти хос пайдо мекунад.
Ин ҷараён барои интихоб ва шарҳу тафсири адабиёти асил ва арзишманд ниҳоят муҳим буда, масъалаи интихоби намунаҳои асари бадеии арзишмандро низ ба миён мегузорад. Таваҷҷуҳ ба мероси адабие, ки арзиши худшиносӣ ва миллӣ дорад, тақвият меёбад. Дар чунин шароит усули таълими адабиёт низ ғунҷоиш ва тавсиаи хоса мехоҳад. Консепсияҳои алтернативии таълим ва фаъолияти илмию амалии омӯзгор, методист ва олими соҳа арзиши бештар пайдо мекунад. Вазъи кунунӣ омӯзиши адабиётро дар матни васеи фарҳангӣ барои шаклгирии шахсияти худшинос тақозо мекунад.
Омӯзгор бояд на фақат махсусияти таълими адабиётро донад, балки дар бораи имконияти дар мактабҳои гуногунтахассус фаъолият намудан низ тасаввурот ҳосил кунад. Дар таҷрибаи гузашта ва муосири мо чанд равиши таълими адабиёт вуҷуд дорад. Дар ин замина тарафдорони ҷараёнҳои ахлоқӣ, ғоявӣ, забоишиносӣ ва ё ахлоқию забоишиносиро метавон ном бурд.

пешина
аз 344
навбатӣ