Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин заминаи рўҳӣ ўро ба дидани тифли навзод омода месозад. Истифодаи шоир аз ифодаҳои оддӣ, монанди «гули гелос», «чакидан дошт», «чак-чак» ва ғайра ба ифодаи ҳиссиёти сода, вале самимии қаҳрамони лирикӣ мусоидат намудааст. Дар поёни қисмати «Мулоқоти якум», ки андешаи шоир тааллуқоти умумӣ мегирад ва нақш шаҳомат пайдо мекунад, алфози ба сабки сухангўӣ мувофиқ истифода бурда мешаванд.

Сано гуфтам ба занҳое, ки имрўз
Ба кори мамлакат ҳастанд дилсўз.
Сано гуфтам ба фарзанди ҷигарбанд,
Ба ҳар як модари дорои фарзанд.
Яқин дорам, ки ин духтарчаи нав
Шавад фардо ба модарҳош пайрав.
Азизи халқ, донишманд гардад,
Ба кори судовар банд гардад…

Андеша ва ҳиссиёти шоир вазни шеърро низ ба худ тобеъ сохтааст. Оҳиста, гўё дар таъкиди маънӣ бошад, мисраъҳо бо оҳанги марғуб ва дилрас садо медиҳанд:

Ман аз шодӣ зи ҷо ҷастам, паридам,
Рухи фарзанди навзодам бидидам.

Ҷойе, ки воқеият тасвир мешавад, оҳанги сатрҳо ба гуфтугўи рўзмарра наздик мешавад ва ин ба ифшои эҳсосу андешаи шоир ва бадеияти он то ҷое мусоидат менамояд.
Вақте ки шоир дар бораи Ватан сухан мегўяд, оҳанги шеър суръати дигар мегирад, амиқӣ ва низоми хоси сухан эҳсос мешавад.
Баъди суҳбат ва мунозира дар боби мундариҷаи ғоявию бадеии асар муаллим ба даври дуюми машғулият мегузарад:
ба омодагии хондани шеър; ба таҷассуми овозии ҳамаи он чизе мегузарад, ки дар ҷараёни таҳлили матн омўхта шуд.

пешина
аз 344
навбатӣ