МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Яъне шоир интизори пои мубораки тифл аст. Байти зер ба тарзе гуфта шудааст, ки ҳиссиёти шоирро аз ҳодисаи фараҳангез хеле амиқ ва равшан ифода мекунад:
Саҳар шуд, шаҳр ҳам омад ба таҳрик,
Мунаввар шуд фазои кўҳи тоҷик.
Тавлиди фарзанд таҷассуми идомаи ҳаёт аст. Ин маънӣ дар қисмати «Мулоқоти якум» тақвият меёбад. Шоир дар идомаи эҳсоси зиндагисози интизории ҳаёт бо тамоми неруи ҳиссу андеша шарофати модар ва наҷобати фарзандро, ки яке ҳастанд, ситоиш мекунад:
Ба модар нури чашмон аст фарзанд,
Давонда реша дар ҷон аст фарзанд.
Тавлиди фарзанд барои шоир идомаи ҳаёт аст, хоҳ писар бошаду хоҳ духтар. Ғояи ватандорӣ ва идомаи наслҳо ҳадафи асосии маънавии шоири бузург аст.
Вале ҷовидонагии ҳаёт фақат ғояи ягонаи ин асар нест.
Балки аз ҳамин ду пора равшан мешавад, ки ҳадафи аз ин волотари шоир ватан ва ватандорӣ будааст:
Писарро пешкаш кардам Ватанро
– Диёри дилписанди хештанро.
Замини сабзранги тоҷиконро, Садои рўдҳои зарфишонро…
Дар асоси ҳамин сатрҳо хонанда низ ба ҳамин хулоса меояд.
Ҳамин тариқ, мазмуни интизории шоирро («Интизорӣ») тавлиди тифл («Мулоқоти якум») тавсиа мебахшад. Ин худ низ ифодагари ғояи асар аст. Инкишофи ҳамин маънӣ дар ҳамаи сохтори шеърӣ ифода меёбад. Мо ин ифодаро дар ҳар ду қисм, дар тасвир ва интихоби калимот ва тобишҳои услубии он мушоҳида менамоем. Дар қисми аввал, яъне «Интизорӣ» манзаранигорӣ (тасвири баҳор) ҳолати рўҳии шоирро аниқ ва барҷаста муҷассам месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё