МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Таассуроти шахсии шоир дар эҷоди ин достон ба хусус пораҳои «Интизорӣ» ва «Мулоқоти якум» ҷойгоҳи хос дорад.
Ҳарчанд ин асар «зоҳиран характери тарҷумаи ҳолӣ ва ёддоштӣ» дошта бошад ҳам, аммо моҳияти фалсафии асар амиқтар аст, шоир аз як тараф наслҳои нави халқи худро тавсиф мекунад, ки онҳо ба пайи қадами некашон ҳаёти ояндаи халқи моро фурўзон мегардонанд, аз тарафи дигар, он баргузидагони халқамонро тасвир менамояд, ки онҳо бо фаъолияти эҷодӣ ва ҳаётиашон на танҳо симои бузурги худро абадӣ гардондаанд, балки барои дар ҳаёт мавқеи ба назар намоёнро ишғол намудани халқу миллаташон ёрӣ
1 додаанд».
Ба ҳар ҳол, Мирзо Турсунзода дар заминаи санадҳои ҳаётӣ асаре офарид, ки арзиши ҷамъбастӣ дорад. Достон аз номи шахси аввал- «ман»-и муаллиф навишта шуда, қаҳрамони лирикӣ ҳиссу андешаи шахсеро ифода мекунад, ки халқу ватанашро бо камоли масъулият дўст медорад.
Дар вақти таълими ин мавзўъ диққати асосиро бояд ба ғоя ва воситаҳои тасвири бадеӣ дод. Ғоя ба шакли алоҳида дода нашудааст, вайро тамоми мундариҷаи ин ду қисм ифода мекунад.
Аввалин сатрҳо ифодагари рўҳия ва эҳсосоти пуризтироби қалби шоиранд:
Шабе, ки то саҳар бедор будам, Мушавваш, тангдил, ночор будам.
Нахуфтам, доштам уммедворӣ, Диламро мефишорад интизорӣ.
Онҳо неруи таассуроти ўро таъкид меварзанд. Сабаби изтироби шоирро ин байт ба мо шарҳ медиҳад:
Ба чашмонам шуданд ин дам намоён
Таваллудхонаву дунёи тифлон.
Х.Мирзозода. Адабиёт аз нуқтаи назари ҳаёт. Душанбе, 1973, саҳ.257.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё