Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

б) маънии ғоявии асар чӣ гуна ба воситаи калимаҳо ва савтиёти он ифода шудааст?
в) хонанда ҳангоми хондани шеър чиро барои худ аз ҳама муҳим медонад? Вай бояд ба чӣ комёб шавад?
4. Аз рўи расмҳои зерин нақша тартиб диҳед:
а) сурати вокзали солҳои сиюми Душанбе; б) сурати Айниву Турсунзода; а) тасвири «Модар ва кўдак» дар ҳошияи мисраи шоир: - Ба модар нури чашмон аст фарзанд.
Ин саволу супоришҳо пешакӣ барои омўзиши мустақилонаи шеър дар хона дода мешаванд. Ҳадаф шавқи хонандагонро ба ин шеър овардан, дар онҳо парваридани хоҳиши ба мундариҷаи он амиқ сар фурў бурдан аст. Ва дар машғулият он чиро, ки хонандагон иҷро кардаанд, ҷамъбаст карда, хониши муассири матн гузаронида мешавад.
Муаллим кори хонандагонро ҷамъбаст намуда, таваҷҷуҳи онҳоро ба байту пораҳое ҷалб мекунад, ки барои равшан сохтани мундариҷаи ғоявию бадеии асар арзишманд ҳастанд.
Таассуроти шоир асоси ин ду пораи достонро ташкил медиҳад. Ҳам қисмати «Интизорӣ» ва ҳам «Мулоқоти якум»
бо эҳсосоти пуршиддат навишта шудааст: шоир дар изтироб аст, ўро ҳаяҷон пахш намудааст. Зери таъсири ҳамин эҳсосот ў аз хона берун меравад. Гўш ба садои шаб медиҳад. Аз насими зиндагибахши баҳор ҳаловат мебарад. Ин насим паёми тозаи зистан дорад. Ҳамин тариқ, «дар боби якум, ки «Интизорӣ» ном дорад, шаби орому зебои баҳор тасвир ёфта, ба ҳолати рўҳии қаҳрамон – хотири парешон ва дили пур аз изтироби ў муқобил гузошта шудааст. Дар боби «Мулоқоти якум» хавотирию изтироби шоир ба шодию фараҳ табдил меёбад. Вале ин ҷо низ қаҳрамони лирикиро хилқати падари духтарбезор ба андеша мебарад. (Дар ин хусус муфассал нигаред: Х. Отахонова. Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик. Душанбе, 1983, саҳ.112-114).

пешина
аз 344
навбатӣ