МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Қабл аз ҳама вазифаи асосии хондан муайян карда мешавад, ки онро метавон чунин ифода кард: нишон додани неруи ғояи ватандорӣ ва садоқат ба арзишҳои маънавию ахлоқии наслҳо. Ин ҳадаф бо роҳи хондан ва таҳлили муназзами (яке аз паси дигар) қисмҳои ҳар боб, бо роҳи аз рўйи маънӣ ба қисмҳо ҷудо карда хондан иҷро карда мешавад.
Бояд гуфт, ки хониш муназзамии таъсири адабиеро, ки моҳияти асосии чунин тарзи хондан аст, дар назар дорад.
Вале барои иҷрои бомуваффақияти ин кор зинда, таъсиргузор, муассир, боварибахш анҷом додани хониш хонанда чанд лаҳзаро бояд ба назар гирад.
- Барои хондани ҳар қисмати асар бояд ба дарки мушаххас ва возеҳи ҳодисаву воқеаҳое такя кард, ки дар асар тасвир шудаанд.
- Таъкид бар калима ва маъниҳо бо ист (пауза) таъйин мешавад. Вале истро ба тарзи сохта набояд истифода кард.
Он аз рўи талаби мазмун ва диди ҳолшиноси хонанда бояд иҷро шавад.
Дар ин маврид сохти ҳамаи сатрҳои шеърро аз назар гузаронида, мавқеи ист ва таъкиди мантиқиро бояд дақиқ муайян кард.
6.9. ТАЪЛИМИ ПОРАҲО АЗ «ҚОБУСНОМА»-И
УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС
Дар барномаи адабиёт барои таълими баъзе аз бобҳои «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус дар синфи 6 се соат ҷудо карда шудааст. Омўзгор агар ин се соатро босамар истифода барад, дар таҳсил ва таълими ин мавзўъ муваффақ хоҳад шуд. Мо соатҳои аввал ва дуюми ин дарсро ба хондан ва таҳлили мавзўъҳои дар шинохти ҳаққи падару модар, омўхтани ҳунар, одоби сухан гуфтан, фурўтанӣ ва одоби таом хўрдан, шароити ба меҳмонӣ рафтан ва меҳмондорӣ кардан ва соати сеюмро ба пурсишу такрор ихтисос додем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё