Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ТАЪЛИМИ АФСОНАИ «ЭРАҶИ
ТИЛИСМШИКАН»
Дар барномаи таълими адабиёти синфи 5 барои дарси афсона, навъҳои он ва афсонаҳои «Эраҷи тилисмшикан», «Духтари ҷасур» ва «Деҳқон ва кўзаи зар» ҳамагӣ як соат ҷудо карда шудааст. Дар ин фурсат аз рўи дастури барнома омўзгор бояд ҳам дар бораи афсона ва навъҳои он ба хонанда маълумот диҳад, ҳам ин се афсонаро хонда ё хононда мазмунашро кунад нақл ва ё хонандагоннақл намоянд. Дар ин маврид таърифи афсона, тавзеҳи дарунмоя ва мавзўю масъалаҳои он низ истисно намешавад. Табиист, ки фурсати ҷудошуда барои иҷрои ҳамаи ин корҳо мусоидат намекунад. Пас, чӣ бояд кард, ки ҳам фармуди барнома иҷро шавад, ҳам дарс натиҷаи судманде ба дунбол дошта бошад?
Ба андешаи мо, агар аз муаллим талаб карда шавад, ки ҷузъ ва ё ҳамаи ин афсонаҳоро дар синф хонад ва ё хононад, мо ба натиҷаи дилхоҳ намерасем. Агар ба назар бигирем, ки маънои дигари афсона қисса, достон, ҳикоят, нақл ва саргузашт аст, метавон гуфт, ки беҳтар аст муаллим мазмуни афсонаро нақл кунад ва хонандагон бо китоби пўшида онро гўш кунанд. Дар таълими афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» бо ҳамин усул метавон ба муваффақият ноил шуд.

пешина
аз 344
навбатӣ