МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Мисол, ба хонандагон бо чунин саволҳо муроҷиат менамояд:
-Эҷодиёти даҳонакии халқ чиро дар бар мегирад?
-Жанрҳои фолклориро номбар кунед.
-Кӣ суруди халқиро аз ёд мегӯяд?
-Кадом афсонаи халқиро медонед?
-Биёед, чистонгӯӣ мекунем.
Сипас, омӯзгор назар ва андешаи хонандагонро ҷамъбаст намуда, мавзӯи нахустини дарсиро аз таълими жанрҳои фолклор оғоз намуда, хонандагонро ба хелҳои эҷодиёти даҳонакии халқ: афсона, суруд, зарбулмасал, мақол, чистон, латифа, достон, дубайтӣ ва рубоӣ шинос менамояд.
Ҳамзамон, хусусият ва мушаххасоти ҳар як жанри фолклориро бо намунаҳо шарҳ медиҳад. Тавсия мешавад, ки аз нақшаи аёният оид ба хелҳои жанрҳои фолклорӣ, номгӯй ва намунаи мисолҳо истифода намояд.
Дар мавзӯи “Таълими жанрҳои фолклорӣ дар мактаб” олими фолклоршинос Мирзохўҷа Пиров тадқиқоти муфид анҷом додааст, ки дар такя ба андешаҳои эшон ин
1 мушкилотро мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор додем.
Пиров м. Таълими жанр{ои фолклорӣ дар мактаб, Душанбе,2011 6.5.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё