МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ман он гавҳарро аз ту мехоҳам ва он дили модари туст.
Агар дили модаратро канда бар ман оварӣ, ман ба сидқи ишқи ту яқин ҳосил хоҳам кард ва худро пойбанди меҳри ту хоҳам сохт».
Ин ҳарф дар таҳи рўҳи ҷавони дилбохта тўфоне барпо кард, вале қуввати ишқ бар меҳри модар ғолиб омада, аз ҷо бархост ва дар он ҳоли ҷунун рафта, қалби модари худро канда, роҳи маъшуқ пеш гирифт. Бо он шитоб, ки роҳ мепаймуд, ногоҳ пояш лағжида ба замин афтод. Дили модар аз дасташ раҳо шуда, рўи хок ғалтид ва дар он ҳол садое аз он дил бархост, ки мегуфт:
«Писарҷон, оё садамае бароят расид?».
Дар ин мусобиқа Эраҷ аз дигар шоирон беҳтар суруд ва қитъаи «Қалби модар»-и вай чандон шуҳрат ёфт, ки дар сафаҳоти громофон (бо овози Қамарулмулки Вазирӣ) сабт шуд ва ба ҷузъи шоҳкориҳои адабӣ даромади...»
Дод маъшуқа ба ошиқ пайғом,
Ки кунад модари ту бо ман ҷанг, Ҳар куҷо бинадам, аз дур кунад Чеҳра пурчину ҷабин пурожанг.
Бо нигоҳи ғазаболуд занад
Бар дили нозуки ман тири хаданг, Аз дари хона маро тард кунад
Ҳамчу санг аз даҳани қалмосанг.
Модари сангдилат то зиндаст,
Шаҳд дар коми ману туст шаранг.
Нашавам якдилу якранг туро,
То насозӣ дили ў аз хун ранг.
Гар ту хоҳӣ ба висолам бирасӣ, Бояд ин соат бе хавфу диранг, Равию синаи тангаш бидарӣ,
Дил бурун орӣ аз он синаи танг, Гарму хунин ба манаш боз орӣ.
То барад з-оинаи қалбам занг.
Ошиқи бехиради ноҳинҷор,
На, бал он фосиқи беисмату нанг, Ҳурмати модарӣ аз ёд бибурд,
Хира аз бодаю бегона зи банг, Рафту модарро афканд ба хок, Сина бидриду дил овард ба чанг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё