МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Шабҳо бари гаҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омўхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд, То шеваи роҳрафтан омўхт.
Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам Алфоз ниҳоду гуфтан омўхт.
Лабханд ниҳод бар лаби ман, Бар ғунчаи гул шукуфтан омўхт.
Пас, ҳастии ман зи ҳастии ўст, То ҳастаму ҳаст, дорамаш дўст.
Доктор Маҳҷуб менависад: «Қитъаи гўянд маро…» аз қитъаоти ҷовидони шеъри форсӣ аст.
Ва «Қалби модар»-и ўро камтар кўдаки форсизабони дабистонию дабиристонӣ дар Эрон ҳаст, ки борҳо нашунида бошад. То он ҷое, ки банда иттилоъ дорад, дар ҳар мадраса, ки ҷашни фарҳангӣ баргузор мешавад, яке аз қитъаҳое, ки тақрибан ҳамеша ба шакли декламатсия иҷро мешавад, ҳамон «Қалби модар»-и Эраҷ аст.
Қитъаи «Қалби модар»-ро Эраҷ ба манзури ширкат дар мусобиқае, ки маҷаллаи «Эроншаҳр» (чопи Берлин) матраҳ карда буд, сурудааст.
Дар ин маҷалла қитъае аз забони олмонӣ тарҷума шуда ва аз шоирони Эрон хоста шуда буд, ки онро ба шеъри форсӣ дароваранд. Ин қитъа «Дили модар» ном дошт ва ин аст айни тарҷумаи форсии он:
«Шаби маҳтоб буд. Ошиқу маъшуқ дар канори ҷўе нишаста, машғули розу ниёз буданд. Духтар аз ғурури ҳусн масту ҷавон дар оташи ишқ дар сўзу гудоз буд.
Ҷавон гуфт: «Эй маҳбуби ман, оё ҳанўз дар софии муҳаббат ва самимияти ишқи ман шубҳае дорӣ? Ман, ки ҳама чизи худ, ҳатто, гаронбаҳотарин дороии хеш, қалби худро нисори роҳи ишқи ту кардам».
Духтар ҷавоб дод: «Дил дар роҳи ишқ бохтан нахустин қадам аст. Ту дорои гавҳари қиматдоре ҳастӣ, ки гаронбаҳотар аз қалби ту аст ва танҳо он гавҳар нишони сидқи ту метавонад бишавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё