Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷаи чунин таҳлил омўзгор доир ба таркиби забонӣ, боигарии луғавӣ ва махсусияти матни таҳлилӣ маълумоти муҳимро ба даст меоварад: доираи истифодаи ин ё он луғатро тавзеҳ медиҳад ва меъёри услубӣ ва ҷойгоҳи бадеии онро муайян мекунад. Бо ин усул вай таркиби луғавии хонандагонро дар амиқбурди дарки адабиёт тақвият мебахшад. Муҳимтар аз ин, завқи адабиётфаҳмии онҳоро баланд мебардорад.
Агар аввалин зинаи омўзиши асар барои хонандагон азхудкунии мазмун ва таркиби забони асар бошад, барои омўзгор таҳлили пешакии асар мебошад. Агар таҳлили адабиётшиносӣ ва забоншиносии асари бадеӣ дар осори илмии таълимию методӣ қарор гирад, ин кори омўзгорро хеле осон мекунад. Агар чунин сарчашма набошад он вақт омўзгор масъул аст, ки худаш мустақилона ба дарс омода шавад ва онро гузаронад. Дар ин сурат ба чунин тарз метавонад шурўъ кунад: аҳди эҷоди асар; андешаҳои дунёшиносии адиб; тавсифи умуии эҷодиёт ва мавқеи ў дар таърихи адабиёти тоҷик; ҷойгоҳи асар дар эҷодиёти адиб ва контексти таърихию адабии замон; таърихи эҷод; мавзўъ ва ғояҳои он; тобиши асосии маънавии асар ва ҳамоҳангии он бо назари дунёшиносии муаллиф; низоми тимсолҳо ва таркиби бадеӣ.
Баъд аз таҳлили адабиётшиносӣ таҳлили забонӣ сурат гирифта, таҳияи луғот, воситаҳои гуногуни забонӣ (таъбирҳо, зарбулмасалу мақол ва ғайра) ва дараҷаи истифодаи онҳоро дар матни асар дар бар мегирад.
Таҳлили якҷояи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ дар бораи ғоя ва мундариҷаи асар тасаввуроти комил медиҳад.
Таҳлили луғавию таъбиротӣ ҳангоми омўзиши матни адабиёт, ба хусус, адабиёти классикӣ ниҳоят муҳим аст.
Мутаассифона, ин усул дар мактабҳои мо чандон самаранок истифода намешавад. Дар шароити имрўза ин усулро бо тарзи дигар бояд истифода кард. Асоси таҳлили забониро на фақат калимаҳои алоҳида, ифодаю таркибот, балки бояд таҳлили сабки нигориш ва ҳусни бадеии асар низ ташкил диҳад.

пешина
аз 344
навбатӣ