МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Онҳо дар асоси талаботи дарс таҳия карда мешаванд ва комилан хусусияти эҷодкорӣ доранд.
Ҳама гуна нақшаи дарсӣ мақсади муайяни дарсро ифода мекунад, зинаҳои асосии онро мушаххас месозад, хусусияти кори шогирдон ва муаллимро ифода мекунад (тафсири хониш, азхудкунии мафҳумҳои адабиётшиносӣ, омўзиши нақл ва ғайра), номгўи маълумотҳои назарӣ-адабии барои дарс интихобшуда, маводи тасвирӣ ва дигар васоити омўзишро сабт мекунад.
Дар давраҳои аввал муаллими навкорро лозим аст, ки нақша-конспекте созад, ки ҷараёни дарсро пурра сабт кунад.
Нақшаи дарсии муаллимони ботаҷриба, чун қоида, нақша ва конспектро ба ҳам меоварад. Дар нақша вазифаҳои мушаххаси зинаҳои гуногуни дарс бо низоми муайян сабт мешавад. Дар конспект бошад унсурҳои ба ҳамин монанди саволҳои мубоҳиса зикр мешавад.
Намунаи нақшаи дарси аввалро аз «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус сабт мекунем.
Мавзўи дарс. Хониши тафсирии бобҳои «Андар шинохти ҳаққи падару модар», «Андар фурўтанӣ ва афзунии ҳунар» ва «Одоби сухан гуфтан». Суҳбат ва суолу ҷавоб, нақли мазмуни бобҳо. Шарҳи луғат.
Мақсади дарс. Омода кардани хонандагон ба хондани порае аз асар. Дар ҷараёни хониш тафсири мафҳумҳо ва луғати душворфаҳм. Нишон додани мавқеи воситаҳои забонӣ дар ифодаи ғояи асар.
Ҷараёни дарс. 1. Сухани муқаддимавии омўзгор ҳамроҳ бо ҷавобҳои хонандагон.
а) мазмуни мухтасари бобҳои пешина (ахбори муаллим ва хонандагони қаблан омодашуда); б) тафсири пурраи пешакии қисмати «Одоби сухан гуфтан» бо такя ба боби пешин.
2. Хондани матн.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё