ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Ба иборати дигар, инсон барои аз якдигар фарқ карда тавонистани чизу ҳодисаҳои табиӣ онҳоро бо калимаҳои алоҳида номгузорӣ мекунад. Ин калимаҳо дар аксари кулли мавридҳо маъниеро ифода мекунанд. Воҳидҳои луғавии забони адабиёти илмию техникӣ (яъне, истилоҳот ва номгон, номенклатура) барои ифодаи номи чизу ҳодисаҳои илмие истифода мешаванд, ки дар шароити табиӣ ба инсон маълум набуданд ва танҳо дар раванди аз тарафи инсон шинохта шудани табиат ва сохтани дастгоҳу механизмҳо ошкор мегарданд.
Ҷиҳати ба ҳамагон ошкор гардидани ин ҳодиса ва ё чизи нави илмиву техникӣ онҳо бо калимае номгузорӣ мешаванд. Вале ин номгузорӣ мисли номгузории забони умумӣ сурат намегирад. Дар ин маврид чиз ё ҳодисаи нави илмӣ бо калима ё иборае номгузорӣ мешавад, ки ба мазмуни мафҳуми ҳодиса ё сохти чиз алоқамандӣ дорад (сарфи назар аз он, ки ин ҳангом калимаи махсусе аз захираи луғавии забони адабӣ интихоб мегардад ва ё калимаи тозае сохта мешавад). Ба таъбири дигар, воҳиди луғавии забони адабиёти илмию техникӣ на маъние, балки мазмунеро соҳиб аст.
Чунончи, барои номгузорӣ кардани ҳодисаи нави илмӣ калимаеро интихоб ва ё сохтан зарур аст, ки яке аз аломатҳои барҷастатарини мазмуни мафҳуми илмиро ифода карда тавонад. Аз ин ҷо боз як аломати муҳими забони адабиёти илмию техникӣ рў мезанад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё