Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан
  1. Таркиби луғавӣ: таркиби луғавии забони адабиёти илмию техникиро дар баробари калимаҳои маъмулии забони адабии тоҷикӣ, ҳамчунин:
    а) калимаҳои арабиасоси тоҷикӣ;
    б) калимаҳои соф русӣ;
    в) калимаҳои байналмилалие, ки якҷоя бо мафҳуми худ ба воситаи забони русӣ аз забонҳои дигари муқтадири илмӣ ба таври тайёр (баъзан бо каме тағйироти савтиётӣ ва ё морфологии забони иқтибоскунанда) иқтибос карда шудаанд, аз ҷумла калимаҳое, ки номи мафҳумҳои илмӣ, илмии техникӣ ва умумиилмӣ, номҳои ҷуғрофӣ, номҳои техникӣ, номи чизҳои кайҳонӣ ва монанди инҳоро ифода мекунанд;
    г) воситаҳои ғайризабоние чун аломат, рамз, ишора, нақша, расм, график, диаграмма, формула, ва ғайра ташкил медиҳанд.
  2. Воҳидҳои луғавӣ: қисмати зиёдтарини воҳидҳои луғавии забони адабиёти илмию техникиро дар баробари калимаҳои оддии забони адабӣ ҳамчунин:
    а) истилоҳот, яъне маҷмўи калимаву ибораҳои махсусе, ки номи мафҳумҳои илмӣ ва техникиро ифода мекунанд;
    б) номгон (номенклатура), яъне маҷмўи калимаву ибораҳое, ки номи чизҳои илмиву тахникиро ифода мекунанд, ташкил медиҳанд;
  3. Номгузории махсуси воҳидҳои луғавӣ: воҳидҳои луғавии забони адабиёти илмию техникӣ бар хилофи воҳидҳои забони адабӣ дар натиҷаи амали махсуси номгузорӣ тавлид меёбанд.
    Тавре ки маълум аст, калимаҳо дар забони адабӣ барои ифода кардани номи шартии чизу ҳодисаҳое истифода мешаванд, ки дар шароити табиӣ вуҷуд доранд ва онҳоро инсон ҳамарўза истифода ва мушоҳида мекунад.
пешина
аз 67
навбатӣ