ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Технология
Аз аввал хондан- Робитаи воҳидҳои луғавии забони адабиёти илмию техникӣ ба мафҳум ва чизи илмиву техникӣ;
- Сунъӣ будани эҷоди воҳидҳои луғавии забони адабиёти илмию техникӣ:
Ин вежагӣ хоси ҳар гуна воҳиди луғавии забони адабиёти илмию техникӣ аст (хоҳ худӣ бошад, хоҳ бегона), зеро ин воҳидҳои луғавӣ (хосатан истилоҳот) асосан бо се роҳи сунъӣ офарида мешаванд:
а) бо роҳи бар дўши калимаи интихобие аз захираи луғавии забони адабӣ бор кардани мазмуни мафҳуми илмӣ;
б) аз рўйи яке аз аломатҳои барҷастаи мазмуни мафҳуми илмӣ сохтани номи он, ки дар ин маврид ном метавонад калимаи сунъӣ бошад;
в) иқтибоси воҳидҳои луғавӣ аз забонҳои муқтадири илмӣ (англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ ва чанди дигар). - Шартӣ будани истеъмоли номи баъзе воҳиди луғавӣ, яъне имконпазирии тағйири шакл ва мазмуни воҳиди луғавӣ дар забони адабиёти илмию техникӣ:
Номи баъзе воҳидҳои луғавии забони адабиёти илмию техникӣ метавонад муваққатӣ бошад, зеро илм ва техника ҳамеша дар инкишоф аст ва мумкин аст баъди солҳо мазмуни мафҳуми илмӣ тағйири шакл кунад.
Дар ин маврид маънии аломатҳои инъикоскунандаи мазмуни мафҳуми илмӣ низ тағйир меёбад ва вобаста ба ин лозим меояд, ки номи мафҳум (яъне истилоҳ) низ тағйир дода шавад. Чунончи, дар илми физика истилоҳи «сарҳади сурхи фотоафканиш» имрўз «остони тобиши фотоэлектронӣ» гуфта мешавад, зеро пештар чунин пиндошта мешуд, ки ин сарҳад дар ҳудуди қисми сурхи спектр мехобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё