ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Чунин ҳолат, масалан, дар сурати такмили асбоби физикие низ рух дода метавонад.
9. Ҳосила будани баъзе воҳидҳои луғавии забони адабиёти илмию техникӣ нисбат ба воҳидҳои луғавии забони адабӣ:
Ин аломат хусусан гоҳи сохтани калимаистилоҳот (яъне калимаҳои махсусе аз захираи луғавии забони адабӣ, ки дар забони илмӣ бар дўши онҳо мазмуни мафҳуми илмие вогузор шудааст) ва номи чизҳои илмӣ (яъне чизҳое, ки зимни пажўҳишҳои илмӣ ошкор мегарданд ва ё дар заминаи ғояҳои илмӣ сохта мешаванд) зоҳир мегардад.
10. Тарҷумапазирии воҳидҳои луғавии забони адабиёти илмию техникӣ:
Тарҷумаи баъзе воҳидҳои луғавии забони адабиёти илмию техникӣ ҷоиз аст. Ин фароянди аз забонҳои муқтадири илмӣ (масалан, забони русӣ) ба ҳар гуна забони дигари миллӣ (масалан, забони тоҷикӣ) баргардон кардани воҳиди луғавии забони адабиёти илмию техникӣ, хосатан калимаистилоҳоти илмӣ мебошад. Дар ин маврид ҳатмист, ки воҳиди луғавӣ дар ҳар ду забон маънии наздик (саҳеҳтар, шакли маънии якхела) дошта бошад.
11. Калимагароии воҳиди луғавии забони адабиёти илмию техникӣ:
Калимагароӣ ҳодисаи ба калимаи забони адабӣ табдил шудани тозавоҳиди забони адабиёти илмию техникӣ мебошад.
Дар ин маврид, тозавоҳиди сунъисохти забони адабиёти илмию техникӣ мазмуни илмии худро гум карда, чун калимаи оддӣ ба захираи луғавии забони адабӣ ворид мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё