ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Масалан, истилоҳи илмии «нурбориш», ки муодили тоҷикии истилоҳи русии «облучение» аст ва мазмуни илмии «бо таъсири нур тағйир додани хосиятҳои ҷисм»-ро дорад, метавонад ба захираи луғавии забони адабӣ ворид шуда, маънии луғавии «нурбор кардан», «нур боридан»-ро гирад. Ба иборати дигар, сохтани истилоҳҳои нав дар забони адабиёти илмию техникӣ яке аз манбаъҳои ғанӣ гардидани захираи луғавии забони миллӣ мебошад.
12. Чандомади воҳиди луғавӣ ё худ такрорпазирии чандкаратаи ҳамон як воҳиди луғавӣ дар дарозои забони баёни як соҳаи илмҳои дақиқ ва техникӣ:
Дар забони як соҳаи илм (масалан, физика, математика, химия ва монанди инҳо) дарозои умумии матн на аз ҳисоби чи қадар ворид кардани калимаҳои нав, балки дар натиҷаи такрори чандкаратаи ҳамон як воҳиди луғавӣ ва ё воситаи ғайризабоние чун рамзу формула ба вуҷуд оварда мешавад, ки ин ҳодиса хоси забони адабӣ намебошад.
13. Имконпазирии гуногунмазмунии ҳамон як воҳиди луғавӣ дар забони соҳаҳои гуногуни илм ва техника:
Чандмазмунӣ ҳодисаи дар забони баёни соҳаҳои гуногуни илм мазмуни дигар доштани ҳамон як воҳиди луғавӣ мебошад.
Чунончи, ҷойи тааҷҷуб нест, агар ба сифати муодили тоҷикии истилоҳи «акустика» дар илмҳои забоншиносӣ ва физика ҳамон як истилоҳи «садошиносӣ» пазируфта шавад. Дар ин маврид тафовут танҳо дар он хоҳад буд, ки мафҳуми «садошиносӣ» дар илмҳои зикршуда мазмуни гуногун дорад, яъне табиати пайдо шудани садо гуногун аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё