ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
§5. ҲИССАҲОИ НОМИИ НУТҚ ДАР ЗАБОНИ
АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Яке аз муҳимтарин хусусияти луғавиии забони адабиёти илмию техникӣ интихобӣ ва мустақил будани ҳиссаҳои нутқ дар матнҳои илмӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки дар матнҳои илмӣ аз ҳиссаҳои номии нутқ исм, феъл, сифат ва ҷонишин ва шумора мавқеъи асосиро ишғол мекунанд.
Исм: Зиёдтарин қисмати луғати забони адабиёти илмию техникиро исмҳо (исмҳои маънӣ, исмҳои феълӣ, исмҳои хос ва исмхои мушаххас, конкрет) ташкил медиҳанд, зеро номи тамоми вожагони илмии техникӣ – истилоҳот, номгони илмӣ, илмии техникӣ ва техникӣ ва ҳамаи калимаву ибораҳои умумиилмӣ, ки ҳиссаи зиёди таркиби луғавии ин гунаи адабиётро ташкил медиҳанд, ба воситаи исмҳо ифода карда мешаванд. Аз ҷониби дигар, исмҳо дар матнҳои илмӣ на танҳо вазифаи номӣ, балки вазифаи муайянкунандагиро низ иҷро менамоянд. Сабаби дигари дар забони адабиёти илмию техникӣ нисбат ба феъл бартарӣ доштани исм дар он зуҳур меёбад, ки дар услуби илмӣ дақиқии номгузорӣ ва кўтоҳу содда омадани сохторҳои синтаксисӣ мавқеъи муҳим дорад. Ба таъбири дигар, луғати баёни илмӣ майл ҳамеша сўи дақиқ муайян кардани мафҳум ва ҳодисаҳои воқеиро доранд, ки онҳо дар навбати худ ҳақиқату муҳокимаҳои илмиро ба таври дақиқу обйективӣ инъикос менамоянд. Ҳамин аст, ки дар адабиёти илмию техникӣ калимаҳои исмӣ ва истилоҳотӣ бештар дучор меоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё