ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Азбаски дар адабиёти илмию техникӣ мафҳумҳои амал, аломат, холат ва предметҳои воқеъӣ бештар мавриди истифода қарор доранд, бинобар ин исмҳои конкрет ва маънӣ афзалият доранд. Гузашта аз ин, дар баёни илмӣ ба воситаи исмҳо одатан на чизи мушаххас, балки синфи чизҳои якҷинса номгузорӣ карда мешаванд, яъне, исмҳо дар забони илм на мафҳуми ҷузъ, балки мафҳуми куллро ифода мекунанд. Зимнан, дар услуби баёни илм ба маъниҳои муҷаррад ва умумӣ исмҳои амал ва маънӣ низ ба таври васеъ истифода мешаванд. Чунончи, суръатфизоӣ (ба маънии фароянд), сахтӣ (ба маънии хосият, сифат), бузургнамоӣ (ба маънии амал) ва ғайра. Дар адабиёти илмии техникӣ исмҳои хос низ зиёд вомехўранд: таълимоти Павлов, қонуни Ниютон, теоремаи Пифагор, теоремаи Эйлер, формулаи Остроградский-Гаусс, шарти Чебишев ва ғайра.
Шакли шумора низ дар забони адабиёти илмию техникӣ махсусияти худро соҳиб аст: аксарияти мутлақи исмҳо танҳо дар шакли шумораи танҳо истифода мешавад, яъне дар забони ин гунаи адабиёт исмҳои феълӣ ва исмҳое, ки номи элементҳои химиявӣ, моддаҳо, асбобҳо ва монанди инҳоро ифода мекунанд, ба таври васеъ истифода мешаванд. Дар баробари ин, дар адабиёти илмию техникӣ истифодаи исмҳои абстрактӣ ва моддӣ дар шакли шумораи ҷамъ низ ба назар мерасад, чунончи, намакҳо, равғанҳо, ишқорҳо, кислотаҳо, спиртҳо, аминҳо, амидҳо, суръатҳо, қаторҳо, лимитҳо, ҳосилаҳо, функсияҳо, номуайяниҳо, тағйирёбандаҳо ва монанди инҳо.
Дар адабиёти илмию техникӣ истифодаи на ишорати ҳарфӣ, балки ишорати рақамии шумора хос аст. Шумораҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё