Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Ё худ дар матнҳои физикӣ:
исмҳои вектор 322 бор, заряд 257 бор, поле майдон 244 бор, время вақт 188 бор, колебание ларзиш 187 бор, величина бузургӣ 185 бор, диэлектрик 146 бор, газ 134 бор, энергия 117 бор, объём ҳаҷм 109 бор, напряженнность шадидият 77 бор, положение мавқеъ 74 бор, жидкость моеъ 74 бор, ускорение шитоб 41 бор ва ғайра такрор шудаанд.
Азбаски ин гунаи адабиёти илмию техникӣ бо забони тоҷикӣ дар заминаи забони русӣ тарҷума шудаанд ва ё ҳоло таълиф гардида истодаанд, пас бо боварии комил гуфтан метавон, ки муодили тоҷикии ин калимаҳо низ ба ҳамин миқдор такроршавандаанд.
Тавре ки аз мисолҳо ба назар мерасад, дар матнҳои илмиву техникӣ калимаҳое бештар такрорпазиранд, ки номи бузургиҳо, номи ҳодисаву падидаҳои илмӣ, муносибатҳои фазоӣ, андоза, хосият ва монандиву тафовути чизу ҳодисаҳо ва ғайраро ифода мекунанд.

пешина
аз 67
навбатӣ