ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Як хусусияти муҳим ва фарқгузорандаи байни забони адабиёти илмию техникӣ ва забони адабӣ он аст, ки дар забони адабиёти илмию техникӣ дарозои умумии матн на аз ҳисоби чӣ қадар ворид кардани калимаҳои нав, балки дар натиҷаи такрори чандкаратаи ҳамон як воҳиди луғавӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Масалан таҳқиқ шудааст, ки дар матнҳои «Механикаи назарӣ» дар мавриди истифодаи 419112 калима:
исмҳои сила қувва 1788 бор, точка нуқта, 768 бор, вектор 470 бор, ось меҳвар 455 бор, система 432 бор, момент 430 бор, тело ҷисм 417 бор, центр марказ 315 бор, направление самт 261 бор, реаксия 250 бор, плоскость ҳамворӣ 247 бор, уравнение муодила 224 бор, модул 199 бор, проексия 184 бор, значение қимат 145 бор, формула 139 бор, координата 97 бор ва ғайра; феълҳои быть будан 297 бор, иметь доштан 236 бор, найти ёфтан 217 бор, получать ҳосил кардан 215 бор, обозначать ишора кардан 176 бор, определять муайян кардан 102 бор, называть номидан 84 бор, мочь тавонистан 93 бор, ва ғайра; сифатҳои данный додашуда 252 бор, параллельный мувозӣ 182 бор, главный асосӣ 152 бор, равный баробар 131 бор, координатный координатӣ 116 бор, твердый сахт 102 бор ва ғайра истеъмол шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё