Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан
  1. номгон (номенулатура), яъне калимаву ибораҳое, ки номи чизҳои илмӣ, чизҳои илмии техникӣ ва техникиро ифода мекунанд:
    номи сарватҳои зеризаминӣ: тилло, нуқра, сурма, симоб, мис, оҳан, уран, нафт, газ, торф, карбон, силитсий, фосфор, алюминии ва ғайра; номи рустаниву ҳайвонот: мурғ, гўсфанд, харгўш, гов, хук, найзабарг, найшакар, гандум, пахта, картошка, ҷуворимакка ва ғайра; номи асбобҳои илмӣ-техникӣ: қуввасанҷ, фишорсанҷ, ҳароратсанҷ, амперметр, волтметр, омметр, генератор, трансформатор, реактор ва ғайра; номи доруҳои табобатӣ: витамин, аспирин, аналгин, квамател, парасетамол, тетрасиклин, левомитсин, сипрофлоксатсин, дихлофос, хлофос ва ғайра; номи моддаҳои химиявӣ: карбоҳидроген, аминокислотаҳо, анилин, нитробензол, пиррол, никотинамид, поливинилхлорид, оксиди калсий, эфири этилии аланин, эфир, спирт, кислота, лавсан, 2-пропанол, 1-хлорпропан, сехлориди бор ва ғайра ва монанди инҳо.
пешина
аз 67
навбатӣ