ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
…
Ғайр аз ин, барои тавсиф кардани бузургии илмие бузургиҳо ва хосиятҳои чизу ҳодисаҳои дигари илмӣ, ки кайҳо дар ин соҳаи илм маълум ва соҳиби мафҳум мебошанд, бо тарзи муқоиса ҳисобу чен карда шуда, таърифи бузургии муойинашаванда бароварда мешавад.
6. Шарҳ – ин нақл дар бораи навъҳои гуногуни раванд ва ҳодисаҳои илмӣ мебошад. Зимни шарҳ додани ин ё он раванду ҳодисаи илмӣ пайдарпайии мантиқӣ риоя карда шуда, як муҳокима ё хулоса боиси пайдо шудани муҳокима ва ё хулосаи дигар мегардад. Чунончи:
Шарҳи раванд (протсес): Дар ҳарорати муайян ҳар гуна моеъ ба ҷўш меояд, яъне ба буғ табдил меёбад, ки ин фарояндро ҷўшиш мегўянд. Ҳароратеро, ки дар он моеъ меҷўшад, ҳарорати ҷўшиш меноманд. Ҳарорати ҷўшиш ба фишори атмосферӣ вобастагӣ дорад. Дар фишори атмсферӣ (760 мм. ст. сб.) об дар
0 ҳарорати 100 С ба ҷўш меояд. Бо афзоиши фишор ҳарорати ҷўшиш зиёд мешавад, ва баръакс, бо кам шудани фишор ҳарорати ҷўшиш кам мешавад…
7. Тавсифи хосият: Хосиятҳо мафҳумҳои илмие мебошанд, ки ҷиҳатҳои сифатии ҳодисаву бузургиҳои илмиро тавсиф медиҳанд, чунончи:
Маҳлулшавандагӣ гуфта қобилияти дар об ва ё маҳлулкунандаи дигар ҳал шудани моддаро мефаҳманд. Дар об моддаҳои сахт, моеъ ва газшакл ҳал шуда метавонанд. Аз рўи маҳлулшавандагӣ ҳамаи моддаҳоро ба ҳалшаванда, камҳалшаванда ва ҳалнашаванда ҷудо намудан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё