Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Моддаҳои мутлақан ҳалнашаванда вуҷуд надоранд. Нитроген, оксиген ва бўр дар об кам ҳал мешаванд, вале қанд ва спирт қобилияти хуби ҳалшавандагӣ доранд. Маҳлулшавандагӣ дар об ба модда, ҳарорат ва шароити дигар вобастагӣ дорад…
8. Тавсифи қонуну қоидаҳо: Қоидаву қонунҳои илмӣ мафҳумҳое мебошанд, ки онҳо вобастагии сифативу миқдории як бузургиву ҳодисаҳои илмиро ба бузургиву ходисаҳои дигари илмӣ ифода мекунанд. Зимни тавсиф намудани қоидаву қонунҳои илмӣ низ пайдарпайии мантиқӣ нақши муҳим дорад.
Чунончи:
Қонунҳои ҳаракати ҷисмҳо
Таҷрибаҳои зиёде оид ба омўзиши ҳаракати ҷисмҳо бори нахуст аз тарафи Галилей дар охири асри XVI ва ибтидои асри XVII гузаронида шуда буданд. Онҳо имкон доданд, ки қонуни асосии ҳаракат – қонуни инертсия муқаррар карда шавад.
Баъдан Исаак Ниютон дар соҳаҳои гуногуни физика як қатор кашфиёти бузург ба даст оварда, қонунҳои асосии механика - қонунҳои ҳаракати ҷисмхоро шаклбандӣ намуд.
Конуни якуми харакат ба таври зерин таъриф дода мешавад: агар ба ҷисми ҳаракаткунанда чисмҳои дигар таъсир наоваранд ва ё таъсири ҷисмҳои дигар ҷуброн карда шаванд, он гоҳ чисм суръати доимии худро нигоҳ медорад. Бинобар ин , суръати харакат танҳо дар мавриди ба ҷисм таъсир овардани чисмхои дигар зиёд ва ё кам мешавад. Таъсири як ҷисм ба ҷисми дигар қувва ном гирифтааст. Қувваи ба ҷисм таъсироваранда сабаби шитоб гирифтани он, яъне тағйирёбии суръати ҷисм мегардад.

пешина
аз 67
навбатӣ